Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Организми генетикии тағйирёфта (ОГТ) хайр ё шарр?!

Организми генетикии тағйирёфта (ОГТ) хайр ё шарр?!

9-04-2019, 11:44
Хабарро хонданд: 553 нафар
Назарҳо: 0
Организми генетикии тағйирёфта (ОГТ) хайр ё шарр?!Чанде пеш ҳамроҳи ҳамсарам ба яке аз мағозаҳои шаҳр даромада, хостем чанд намуд маҳсулоти хӯрокворӣ харид кунем. Вақти хариданн ҳар як бастаи чизи гирифтаамро бидиққат мехондам, то ки вақти истифодааш нагузошта бошад. Чун ҳарвақта танҳо соли бароришашро диққат медодам. Ин дафъа ногоҳ чшмаш ба як калима ихтисоршуда ГМО афтид. Аз шавҳарам пурсидам, ки ин чӣ маъно дорад? Ӯ ҳам намедонам гуфт. Дилам тоқат накарду боз дар мағоза аз чанд нафари дигар савол кардам, аммо бенатиҷа, онҳо ҳам намедонистаанд. Ҳисси кунҷковиам зиёд шуду барои равшан кардани ини калима ба коршиносону мутахассисон муроҷиат кардам.
Неъматулло Сафаров, роҳбари Маркази миллӣ, гуногунӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала чунин гуфт:
“Дар ҳақиқат имрӯз аксарияти сокинони ҷумҳурӣ ин ибораро намедонанд ва зимни харидорӣ ба он на он қадар диққат медиҳанд. Бархеи онҳо организмҳои тағйирдодашудаи зиндаро муаммо ва ҳатто афсона медонанд.
Бояд гуфт, ки организми генетикии тағйирёфта (ОГТ) - ҳар гуна организм, ба истиснои организми инсон, ки маводи генетикиаш бо роҳҳои ғайридурагакунӣ ё ба таври ғайритабиии дучандшавӣ тағйир дода шудааст, мебошад.
ОГТ солҳои 70- уми асри гузашта оғоз шуда, бори нахуст олимони амрикоӣ Берг ва Шетерман ба ин кор даст заданд. Таҷриба собит намуд, ки усулҳои навтарини генетикаи муҳандисӣ имконият медиҳад, ки генҳои лозима аз геноми бактерия, рустанӣ ё ҳайвон ҷудо шавад ва ё он ба геноми бактерия ва ё рустанӣ ворид карда шавад. Масалан, ба помидор ворид намудани гени моҳии шимолӣ имкон медиҳад, ки он ҳангоми кашонидан аз як ҷо ба ҷойи дигар вайрон намешавад ва ба хунукӣ тобовар аст.
Ё ин ки бо мақсади аз ҳашарот зарар надидани ҷуворимакка ба геноми он генҳои заҳри мор пайваст мекунанд. Дар ин замина маҳсулоти нав – “маҳсулоти аз организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта» рӯйи кор омад.
Ба давлати мо аз Мансартаву Канада 80% картошка, себ, помидор, ҷуворимакка ва дигар маҳсулот ворид мегарданд, онҳо ба таври гинетикӣ тағйирдодашуда мебошанд. Ё ин ки равғани соя, ки ҳамаи мо аз он истифода мекунем, ки дар таркиби он сояе истифода мешавад, ки аз организмҳои тағйирдодашудаи генетикӣ мебошанд. Агар мардум ин
маҳсулотро камтар истифода баранд, ё умуман набаранд, хуб аст, чунки бештари ин маҳсулот ба мисли заҳранд”.
Мутахассисон бар он андешаанд, ки аз истеъмоли маҳсулоти аз лиҳози генетикӣ тағйирдодашуда ба организми инсон боиси сар задани бемориҳои қанд, ҳассосият, фарбеҳшавӣ, вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организм, пайдошавии микрофлораи нави меъдаи инсон, пайдошавии устуворӣ нисбат ба антибиотикҳо ва ҳатто саратон аварда мерасонад. Ҳамчунии истеъмоли онҳо махсусан барои кӯдакон ва занон ба маротиб хатарнок унвон шудааст. Дар робита ба ин, Амрико, ки аз (ОГТ) васеъ истифода мебаранд, 70 фоизи аҳолии мамлакат аз аллергия азият мекашанд. Аммо дар Шветсия, ки истифодабарии чунин намуди маҳсулот манъ аст, танҳо 7 фоизи аҳолӣ аз аллергия азият мекашанд. Тибқи пурсишҳои сотсиологӣ, дар Иттиҳоди Аврупо 95 фоизи аҳолӣ боварӣ ҳосил намудаанд, ки ОГТ ба саломатии инсон зарар расонида метавонад.
Тибқи маълумоти ба даст омада, айни замон дар Хитой, Ҳиндустон, Ҷопон ва мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ 336 намуди тухмиҳои бо роҳи генетикӣ тағйирдодашударо дар хоҷагии қишлоқ, аз қабили пахта, лӯбиёи чинӣ, шолӣ, лаблабӯ, ҷуворимакка, ки ба гербитсидҳо устувор мебошанд, картошкаи ба гамбӯсаки колорадӣ устувор, помидор, банан ва харбузаи муҳлати тӯлонӣ вайроннашаванда фаъолона истифода мебаранд. Дигар ин ки аксарияти мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо истифода ва вориднамоии организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (ОГТ) - ро қатъиян манъ менамоянд. Соли 2005 аз 100 мамлакати аз ОГТ озод муттаҳид гашта, Манифести Берлинро қабул карданд.
Вобаста ба ин соли 2009 27 мамлакати аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксенбург ба ҳам омада, баъди баҳсҳои тӯлонӣ ба созиш омаданд, ки истеҳсолкунандагони биомаҳсулот метавонанд ОГТ - ро истифода баранд, агар миқдори он на зиёда аз 0,9 % - ро ташкил намояд. Муддати тӯлонӣ Иттиҳоди Аврупо муқобили маҳсулоти генно - муҳандисӣ буд, аммо мушкилиҳо дар таъминоти ғизо ва шароити обу ҳаво Аврупоро маҷбур сохт, ки ба ОГТ ба таври нав назар намояд ва ин раванд ҳамчунин дар Канада, Ҳиндустон , Покистон, Хитой ва дигар кишварҳое, ки шумораи аҳолиашон дар ҳоли афзоиш аст, доман паҳн карда аст.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» аз 3 июли соли 2012 баъд аз санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ба воридоти маҳсулот, ки дар таркибашон ОГТ мавҷуд аст, иҷозат дода шуд.
Дар мамлакати мо низ миқдори зиёди маҳсулоти воридотӣ, аз қабили қаннодӣ, гӯштӣ ва маҳсулоте, ки бо истифодаи лӯбиёгиҳо истеҳсол шудаанд, истеъмол мешаванд. Маҳсулоти ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (ОГТ) дар наҳориҳои хушк, ғизоҳои тезтайёр, кетчуп, ғизоҳои кӯдакона, қаннодиҳо, маёнез ва ғайра мавҷуданд. Тахминан то 10% - и қаҳва ва чой низ мувофиқи баъзе маълумотҳо дорои ОГТ мебошад.
Солҳои охир дар бозору дуконҳои кишвар ба муомилот баровардани анвои гуногуни меваҳои воридотӣ ҷой дорад, ки намуди назаррабо доранду аммо таъми дигар. Барои мисол себҳое, ки аз Хитой ба ҷумҳурии мо ворид мешаванд дар таъм ба пластмасаи масомадор ва картошкаи ҷӯшонидашудаи покистонӣ бошад, ба собуни сахти либосшӯйи монанд аст.
Маҳмуд Файзов, тоҷири бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе мегӯяд: “Меваю сабзавоти аз хориҷ воридшуда ба норасойии тухмиҳои сифатнок сахт алоқаманд аст, яъне андозсупории калон ва баландшавии тарофаҳо дар об ва дигар камбудиҳо маҷбур мекунанд, ки роҳҳои густариши ҳосилнокиро ёбем. Аз хориҷ ба Тоҷикистон на танҳо маҳсулоти тайёр, балки тухмии аз ҷиҳати генетикӣ тағъирёфта аз қабили ҷуворимакка ва помидори ҳолландӣ ворид мешавад. Ҳарчанд аз ҷиҳати таъм ва бехатарӣ ин қабил маҳсулот озмудашуда нестанд, аммо аз навъи маҳаллӣ дида, ба маротиб серҳосиланд. Аз ин рӯ кишоварзон аз ин навъи помидор бештар харидорӣ мекунанд, чунки он то фарорасии фасли зимистон хушк нашуда, ҳосил медиҳад. Аммо ҳамзамон маҳсулоте, ки аз ОГТ таркиб ёфтаанд, тамъ ва бӯйи аслии худро гум мекунанд ва ба андешаи бисёри муҳаққиқон ба саломатии инсон метавонад зарар расонад”.
Шавкат Саидмуродов, муовини директори Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои ҶТ оид ба ин масъала чунин назар дорад: «Тоҷикистон аз соли 2013 аъзои СУС гардид ва бозори кушода мутобиқи меъёрҳои ин созмон метавонад ба мушкилоти муайян, аз ҷумла доир ба воридоти ГМО ба ҳудуди кишвар оварда расонад. Маълум аст, ки дар низомнома ва қоидаҳои созишнома оид ба назорати муомилоти ГМО ва гардиши маҳсулоти он дар ҳолати интиқоли сарҳади давлатӣ пешбинӣ нашудааст. Дар қоидаҳои созмон талабот, меъёр ва тадбирҳои санитарию гигиенӣ сода карда шудааст. Созмон эътирофи байналмилалии ҳуқуқи давлатро доир ба истифодабарии тадбирҳои эҳтиётӣ нисбат ба маҳсулоти хатарнок, аз ҷумла ГМО - ро ба инобат намегирад. Ҳамчунин, маҳдудияти воридот ва манъ намудани ГМО, инчунин аз имконияти тамғагузории маҳсулоти ГМО - дошта низ худдорӣ менамояд. Бинобар ин, зарурияти гузарондани таҳлили дақиқи «Барномаи мутобиқгардони иқтисодиёти ҶумҳурииТоҷикистон дар робита ба узвият дар СУС», ки аз ҷонибиҲукумати ҷумҳурӣ аз 31. 10. соли 2014, № 691 тасдиқ шудааст, ба манфиат хоҳад буд. Дар муқоиса бо дастурҳои созмон пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо ба ин дастурҳо ва барнома зарурият дорад. Бинобар ин, ба мо лозим аст, ки меъёрҳои стандартии организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар таркиби тухмӣ ва растаниҳо ба воситаи таҷҳизоти ҳозиразамони ташхисӣ муайян карда шуда, ҳамчун ҷадвали намунавӣ бо тариқи дастуамал пешниҳод карда шавад».
Имрӯз тамоми коршиносон пешниҳод менамоянд, ки ба маҳсулоти хӯрокворӣ, ки миқдори ОГТ – и он 0,9 % мебошад, тамғаи иҷозатнома барои истифода гузошта шавад. Агар миқдори он аз 0,9 % зиёд бошад, дар ин сурат аз истифодаи он худдорӣ бояд кард. Дар Аврупо барои воридоти маҳсулоти трансгенӣ қонун амал мекунад, ки меъёри он ба андозаи 0,9 фоиз муқаррар шудааст. Ҳамчунин, дар Япония ин меъёр 0,5 фоиз ва дар Амрико 10 фоиз иҷозат дода шудааст.

-Мувофиқи маълумот, дар Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади ба як хулосаи амиқ омадан доир ба ин мавзӯъ чораҳои зарурӣ андешида шуда, кор дар ин самт идома дорад. Дар маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ таъсиси озмоишгоҳ ҷиҳати муайян намудани организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО) дар маҳсулоти ғизоӣ ба нақша гирифта шуд. Дар ин замина, мутахассисони Агентӣ дар шаҳри Маскви Русия (ширкати «БИОКОМ») аз курси омӯзишӣ гузаштанд ва айни замон дар дастгоҳи марказӣ ва МСМС ва НС – и вилояти Суғд 2 озмоишгоҳ дар ин самт фаъолият дорад.
Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассисони Тоҷикстандарт ва ҷалби мақомоти дахлдор мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» таҳия ва бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид, ки дар он талабот нисбат ба маълумот оид ба ОГТ муқаррар гардидаанд.
Соли 2015 бо мақсади муайян намудани мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гардиши савдои дохилии маҳсулоти организмҳои бо таври генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО) дар назди Агентии Тоҷикстандарт аз ҳисоби кормандони вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва илмҳои кишоварзӣ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Дар ин раванд бо иштироки намояндагони вазоратҳои мазкур, якчанд ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ баргузор гардида, масъалаи мазкур мавриди муҳокимаи аъзоён қарор гирифт. Дар ҷаласаҳо махсусан, масъалаҳои воридоти маҳсулоти дорои ГМО, аз ташхис гузарондани ин гуна маҳсулот, такмили қонунгузориҳо дар ин самт, омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо, таҳлили ҳаматарафаи масъала, ҷалб намудани мутахассисон аз ҳисоби олимону коршиносони соҳа, такмил додани озмоишгоҳҳои ташхисӣ, таъсиси мақомоти ваколатдор, муайян намудани меъёри иҷозатдодашудаи мавҷудияти ГМО дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ ва тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ баррасӣ гардиданд ва мақоми ваколатдор дар ин самт пешбинӣ шуд.
Аз ин рӯ ҳар як шахс андеша кунад, ки организмҳои генетикии тағйирёфта, хайр аст, ё шар ва ба ҳар намуди маҳсулоти хӯрокворие, ки аз дукону мағозаҳо харидорӣ мешавад, аҳамият дода шавад, зеро саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст!


Саида Хоҷаева



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: