Дар Хабаровск ҷасорати писарбачаи 11-сола қадрдонӣ карда шуд18-06-2019, 14:19
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Хабаровски Русия писарбачаеро, ки рафтори хеле ҷасурона ва ҷавонмардона нишон дод, қадрдонӣ намуданд. Бахтиёр Усмонов дӯсти худро аз марги ногузир наҷот дод. Писарбача ба чоҳи болокушодае, ки пур аз оби ҷӯшон буд, афтид ва Бахтиёр дарҳол, бе тарсу ҳарос, ба кӯмаки дӯсташ шитофта, ӯро берун баровард. Бача ҷароҳати вазнин бардошта, айни замон дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ гардидааст. Тавре табибон иброз медоранд, алҳол вазъи сиҳатии бемор беҳтар шудааст. Устодон дар мактаб дарсҳоро мавқуф гузошта, ба шарафи хонандаи синфи сеюм Бахтиёр Усмонов дар сањни мактаб ҷамъомади ботантана доир намуданд. Намояндагони мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ низ дар чорабинӣ ширкат варзида, ба писарбачаи ҷасур таҳсину офарин хонданд. Бахтиёр, бо вуҷуди он ки ҳамагӣ 11 сол дорад, аллакай қаҳрамонии ҳақиқӣ нишон дод. Ӯ бо далериву матонатї хосса ба нафаре дасти кӯмак дароз намуд, дасти фитодае гирифт. Вақте кӯдакон дар майдончаи назди бинои истиқоматӣ бозӣ мекарданд, нохост Слава Конограй ба қубури калон афтид. Бахтиёр бо шунидани садо и гиряву фарёди бачаҳо дарҳол ба кӯмак шитобид. Тавре ин мактаббача иброз медорад, он лаҳза ғайр аз наҷот додани ҳамсоли худ андешаи дигареро дар сараш ҷой дода наметавонист, чун маҳз дар он лаҳза амиқ дарк намуд, ки ҳаёти дӯсташ ба ӯ вобаста аст. Маълум шуд, ки он чоҳи зеризаминӣ сарпӯш надоштаасту болои онро танҳо бо як тахтаи тунуке пӯшонда будаанд. Он тахтаи фарсуда вазни писарбачаро бардошта натавониста, дар зери пояш шикастааст. Илова бар ин, чанде қабл аз ин ҳодиса чанд ҷои он қубури зеризаиминӣ сӯрох шуда будааст ва кормандони мақомоти хизматрасонии коммуналӣ фурсати бартараф кардани садамаро пайдо накарда будаанд ва чоҳ дар муддати кутоҳ аз оби ҷӯшон пур гардидааст. Табибон он замон иброз доштанд, ки агар Бахтиёр фавран Славаро наҷот намедод, оқибати ин ҳодиса ба фоҷиа меанҷомид. Слава айни ҳол дар беморхона муолиҷа меёбад. Ба гуфти падари зарардида, ӯ ба ҳуш омадаву тадриҷан шифо ёфта истодааст. Табибон мегӯянд, аллакай мушкилоти асосӣ паси сар шудааст. Барои волидон бошад, ба ёд овардани оқибатҳои фоҷиабори ин ҳодиса хеле даҳшатнок аст.
Таҳияи Саида Хоҷаева |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.