Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск нуфузи Пешвои миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ кард

Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск нуфузи Пешвои миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ кард

3-06-2019, 14:34
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Шӯрои Аврупо  Доналд Туск нуфузи Пешвои миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ кард
Доналд Туск Президенти Шӯрои Аврупо ҳангоми дидан аз Тоҷикистон ва суҳбату мулоқот бо Президенти кишвар, мақоми ӯро дар барқарор кардани сулҳу суббот дар минтиқа баланд арзёбӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин барои самимият ва меҳмоннавозӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳори ташаккур кардаст. Доналд Туск назарашро дар шабакаи иҷтимоии Твиттер (Tweeter), дар саҳифаи худ ҷо карда, таассуроти хуби хешро, ки аз Тоҷикистон бардоштааст, ба хонандагони сершумори Твиттер манзур намудаст. Ӯ аз ҷумла мегӯяд:
«Муҳтарам Президент Раҳмон, дӯсти азизам, нахуст иҷозат диҳед, барои меҳмоннавозӣ ва пазироии хеле хуб дар мамлакати зебои Шумо ва сӯҳбати хуш бо Шумо изҳори сипос намоям.
Сафари ман бевосита баъд аз қабул шудани Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ, ба кишвари Шумо сурат мегирад. Ман аввалин Президенти Шӯрои Аврупо мебошам, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад ва ин боз як рамзи тасмимоти неки мо дар самти роҳандозии муносибатҳои хубу ҳасана бо кишвари шумо ва тамоми минтақа мебошад. Мавқеи стратегии мамлакати Шумо дар доираи ҳамкориҳои кишварҳои Аврупо ва Осиё муҳиманд ва равандҳои мусбие, ки ба дар ин минтақа сурат мегиранд, барои шарикии боэътимод имкониятҳи густурдаеро фароҳам меоранд. Мо ин шарикиро арҷ мегузрем ва мехоҳем, ки он минбаъд низ ривоҷ ёбад.
Як сабаби ташрифи ман ин аст, ки ман медонам то чи андоза саҳми Шумо барои амнияти тамоми минтақа муҳим мебошад. Ман ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои боздид аз сарҳади Афғонистон миннатдорам. Барои ман аслан талошҳои Шумо дар ҳифзи ин сарҳад таъсирбахш аст. Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, ки бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароии хушунатомез ҳамкорӣ намояд.Президенти Шӯрои Аврупо  Доналд Туск нуфузи Пешвои миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ кард
Имрӯз ман инчунин пиряхҳои Помирро дидам. Ба ман тамошои табиати зебои мамлакати Шумо хеле гуворо буд ва ҳамчунин таъсири тағирёбии иқлимро бо чашми худ дидам. Оқибатҳои тағирёбии иқлим на танҳо ташвиши бузург барои мамлакати Шумо, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад. Иттиҳоди Аврупо муборизаро бар зидди тағирёбии иқлим идома хоҳад дод ва ман боварӣ дорам, ки Тоҷикистон дар ин самт шарики беҳтарин хоҳад буд. Дар ин робита, иҷозат диҳед баён намоям, ки талошҳои Шумо ва мамлакати Шумо дар танзими захираҳои оби минтақа ҳамеша қадршиносӣ мешаванд.
Ҷаноби Президент таърихи Полша ва Тоҷикистон ва муборизаи мо барои озодии мамлакатҳои худ шабоҳатҳои бисёреро доранд. Ҳуқуқи инсон қисмати муҳими ин таърих аст. Ҳадафи олии ҳар як сиёсатмадор ин таъмини амнияту ҳуқуқҳои инсон ва озодӣ ба шумор меравад. Барои ба ин ҳадаф расидан - қувват, шуҷоат ва иродаи хуб лозиманд. Ҷаноби Президент Шумо ҳамаи ин сифатҳоро доред. Ман инчунин мехостам аҳамияти нақши шахсии Шуморо ва нақши мамлакати Шуморо дар таъмини суботи сиёсӣ, на танҳо дар худи Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа таъкид намоям. Бинобар мавқеъи ҷуғрофии мамлакати Шумо, фаъолияти Шумо на танҳо барои ин диёр, балки барои тамоми минтақа аҳамияти хело бузург дорад. Дар асл, саъю кӯшишҳои Шумо, фаолияти Шумо, нуфузи Шумо дар сатҳи ҷаҳонӣ бараъло эҳсос карда мешавад.
Муҳтарам Президент, иҷозат диҳед, ки дар охир барои меҳмоннавозӣ ва пазироии хуш бори дигар ба Шумо изҳори сипос намоям»
аз саҳифаи Твиттери -Доналд Туск (Donald Tusk)
тарҳияи Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: