РАДДИЯ31-05-2019, 19:02
Хабарро хонданд: 435 нафар
Назарҳо: 0
![]() Мусаллам аст, ки ин саҳифа ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягон робита надошта Маркази матбуотии ҳизб ба маълумоти аъзо, ҷонибдорон ва ҳамаи сокинони кишвар мерасонад, ки маводи нашршаванда бо мақсади муғризона ва ба иштибоҳ андохтани аҳолии кишвар паҳн мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум буда, ҳеҷ гоҳ ба сафи худ шахсони иғвоангез ва хоинони миллату ватанро роҳ намедиҳад. Аз номи як ҳизб паҳн кардани ҳадафҳои нопоки як гурӯҳ иқдоми ноҷавонмардона буда, итминон дорем, ки ин амал аз ҷониби қишри солимфикри ҷомеа маҳкум хоҳад шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.