Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми дувуми байналмилалӣ «Як камарбанд-як роҳ» ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба Чин сафар карданд25-04-2019, 09:02
Хабарро хонданд: 420 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми дувуми байналмилалӣ «Як камарбанд-як роҳ» ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи андоз, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.