
Тӯҳфони шадиди Канат, ки дар як соат 220 км вазида ба Мозамбик наздик мешуд, аллакай 3 нафарро дар ҷазираи Камор кушт. Донишкадаи Миллии омӯзиши ҳодисаҳои табиати Мозамбик мегӯяд, 30, 000 нафар аз минтақа, ки эҳтимоли зарар диданро доштанд, ба ҷои амн кӯшонда шуданд.
Моҳи гузашта Сиклони бо номи Идай сабаби кушта шудани садҳо нафар дар минтақа гардида буд.
Тӯҳфон харобкориҳои зиёде ба Мозамбик, Малави ва Зимбабе овард, дар натиҷа зиёда аз 900 нафар фавтиданд, хабар медиҳад пойгоҳи хабарии ББС.
Дар ин ҷо на камтар аз 3 миллон нафар ба кӯмаки башардӯстона ниёз доранд. Феълан сафарҳо низ тариқи ҳавопаймоҳо ба кишвари Мозамбик боздошта шуда, мактабҳову донишгоҳҳо ба таътил фаро гирифта шудаанд.