Тарбуз дар таркибаш 90–95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст, чун оби тарбуз дистиллатсияшуда мебошад. Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд ва мегӯянд, гирифторони фарбеҳӣ бо осонӣ метавонанд, вазнашонро коҳиш диҳанд. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пусти он хосияти табобатӣ дорад. Барои таъмини шабонарӯзии ҷисм бо магний хӯрдани 150 грамм тарбуз кофист. Касоне, ки гирифтори фишори баланди хунанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд. Тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад, ки зимни бемориҳои дилу раг муҳим аст. Миёни тамоми набототи дигар тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пусти он низ эҳсос мешавад. Аз пусти тарбуз нӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кӯмак мерасонад. Чунин муолиҷаро тамоми сол метавон идома дод. Донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хубе мебошад. Дар ин бобат донаи тарбуз бо донаи каду рақобат карда метавонад.
Саида Хоҷаева