Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нархи тарбуз баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм арзон мешавад

Нархи тарбуз баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм арзон мешавад

17-07-2018, 08:05
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Нархи тарбуз баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм арзон мешавад
Сабаби болоравии нархи тарбуз дар бозорҳои кишвар ин аст, ки ҳосили якуми он аллакай ба итмом расидааст ва баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм нархи он ба меъёри пешина бармегардад. Ин матлабро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иброз намуд.

Зимни нишасти мазкур инчунин зикр гардид, ки парандапарварони ҷумҳурӣ ҷиҳати афзалиятнок муайян гардидани соҳа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа руҳбаланд гардида, барои рушди соҳаи парандапаварӣ талош доранд.

Дар ин давра барои таъмини соҳаи парандапарварӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 840 ҳазор дона тухми нутфадор, 712 ҳазор сар чўҷаи якрўза, 22346 тонна хўроки паранда ва барои ба роҳ мондани павариши мурғи гӯштӣ таҷҳизот барои афзун намудани истеҳсоли гӯшти паранда ворид карда шуд.

Зикр гардид, ки соҳаи моҳипарварӣ низ сол то сол тараққӣ меёбад. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 270 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият дошта, аз рўи маълумоти оморӣ, то 1 июли соли 2018 истеҳсоли он ба 397 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 тонна зиёд мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: