Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нотр-Дам де Пари дар коми оташ

Нотр-Дам де Пари дар коми оташ

16-04-2019, 15:10
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Нотр-Дам де Пари дар коми оташАлангаи оташи калон калисои машҳури Париж-Нотр-Дам де Париро ба худ фурӯ бурда, хисороти зиёде бар ҷой гузошт. Бар асари ин ҳодиса сақфи калисо бо тарроҳии камназираш фурӯ рехт, аммо оташнишонон тавонистанд бурҷҳои (манораҳои) аслии калисо ва зангулаву деворҳои ин бинои таърихиро, ки ба қарни 8 уми мелодӣ тааллуқ доранд, ҳифз кунанд. Амалиёти хомӯшкунии оташ 8 соат тӯл мекашад ва дар охир соати 4- саҳари имрӯз хомӯш гардид.
Оташнишонон илова бар он ки фурӯ рехтани бурҷҳои калисоро пешгирӣ карданд, кӯшиш ба харҷ доданд, ки осори ҳунарӣ ва мазҳабӣ мавҷуд дар калисоро низ аз зарари шӯълаҳои оташ муҳофизат намоянд. Дар ҷараёни кор яке аз оташнишонон сахт маҷрӯҳ мешавад.
Эммануэл Макрон президенти Фаронса, ки дар маҳали ҳодиса ҳузур дошт, қабл аз нимаи шаб ба хабарнигорон гуфтаст, ки аз авҷи бадтарин ҳаракати оташ пешгирӣ гардид.
Ӯ ҳамчунин илова намудаст, ки Фаронса барои бозсозӣ ин калисо маблағро ҷудо хоҳад кард. Талош барои ҷамъоварии маблағ ҳамчунин ҷалби истеъдодҳо, ҳатто аз хориҷи кишвар, бахше аз барномаҳои давлат барои бозсозии калисо хоҳад буд.
Ба ҷуз оташнишонон, ҳазорон нафар аз сокинони Париж дар атрофии ин бино ҷамъ омада, сухтани яке аз нимодҳои фарҳангӣ ва мазҳабии кишвари Фаронса, яке аз беҳтарин намунаҳои меъмории дар ин кишварро бо таассуф тамошо мекарданд.
Бояд гуфт, ки Нотр-Дам тӯли садсолаҳои яке аз машҳуртарин бино дар Париж буда, ба рӯйхати осори таърихии ҷаҳон ворид гардидааст. Дар он ҷо бори нахуст ҳайати Гtнералӣ ( нахустин Парламенти Фаронса) ҷамъ омада буданд ва ҳамчунин тӯйи арӯсии шоҳ Наварӣ Генрихи 4 ва Маргарита Де Валуа низ дар ин ҷо гузаштааст. Махсусан, масофа ба тамоми Фаронса аз назди Нотр-Дам чен карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: