Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Алӣ Рифат Коксал: «Мо ба Тоҷикистон аз назари муштаракот менигарем»

Алӣ Рифат Коксал: «Мо ба Тоҷикистон аз назари муштаракот менигарем»

10-04-2019, 16:56
Хабарро хонданд: 7 нафар
Назарҳо: 0
Алӣ Рифат Коксал: «Мо ба Тоҷикистон аз назари муштаракот менигарем»
Ҷаноби сафир, кишвари Туркия аз шумори кишвар ҳои нахустини дунёст, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд ва аз аввалинҳо дари сафоратхонаи Шумо ин ҷо боз шуд. Шурӯъ аз ҳамон давра ҳамкориҳои гуногунҷабҳа миёни кишварҳои мо дар ҳоли рушд ҳастанд. Шумо айни замон сатҳи ин муносиботро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Бо қаноатмандӣ бояд зикр кунам, ки равобити байни ду кишвар аз рӯзи соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо густариш ёфтааст. Дар ин ҷода пайвандҳои таърихиву фарҳангии миёни мардумонамон аҳамияти бузург доранд ва ҷиҳати равнақ додани муносибатҳо иродаи сиёсии роҳбарияти кишварҳоямон низ саҳми назаррасро дорост. Хотиррасон бояд кард, ки фаъолияти Сафорати Туркия дар замони ҷанги дохилӣ ҳеҷ гоҳ қатъ нагардидааст ва ҳатто дар он давраи душвор сафари расмии Президенти ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирел ба Тоҷикистон сурат гирифта буд, ки ин нишони равшани қадрдонӣ намудани равобити дуҷониба мебошад.
Дар мавриди ҳозира бошад, сараввал қайд бояд намуд, ки ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва равобити васеи байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун инкишоф ёфта истодаанд. Таъсироти мутақобилаи фарҳангии байни мардумонамон тавассути сайёҳӣ, маориф ва сериалҳои туркӣ ин ҳамбастагиро нигоҳ доштааст. Тамос ҳои наздики сиёсӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия дар соли 2012 бо таъсиси Шӯрои Ҳамкорӣ ба мартабаи олӣ расонида шудааст. Сафари расмии Президенти кишварамон ба Тоҷикистон дар марҳалаи оянда ва дар ин ҳошия ҷамъомади нахустини Шӯрои Ҳамкорӣ барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои нав дар равобити дуҷониба мусоидат хоҳад намуд. Барои самаранок анҷом гирифтани ин боздид ва ҷамъомад бо дӯстони тоҷикистонӣ кор ҳо идома ёфта истодаанд.
Туркия ба қатори даҳ иқтисодиёти босуръат (динамикӣ) рушдёбандаи ҷаҳон дохил мешавад. Дар мавриди сармоягузорӣ, фаъолияти ширкатҳои гуногуни истеҳсолӣ ва сохтмонии туркӣ дар қитъаи Авруосиё ва дигар манотиқи олам кишвари Шумо фаъол аст. Ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сиёсати берунаи иқтисодии Туркия ҳоли ҳозир чӣ гуна ба ҳогузорӣ мекунед?

-Чи тавре ки Шумо қаблан қайд намудед, имрӯз муносибатҳои байни ду кишвар дар сатҳи қаноатбахш қарор доранд. Ин нишондоди мусбӣ бо вуҷуди пеш омадани мушкилиҳо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, дар раванди баъдиҷангӣ бо талошҳои муштарак вусъат гирифтааст. Албатта, ин кифоя нест. Зеро мо иқтидори боз ҳам густариши равобити байни ду кишварро дар ҷода ҳои мухталиф дорем.

Хусусан дар со ҳаҳои иҷтисодиёту тиҷорат имконият ҳои му ҳими арзёбишаванда барои ҳамкорӣ вуҷуд доранд. Туркия дар масъалаи харидорӣ намудани аллюминий ва пахта Тоҷикистонро шарики му ҳим арзёбӣ менамояд ва дар ин маврид талош ҳо барои расидан ба ҳадафи гуногунҷабҳа намудани содирот ва афзун намудани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар як сол ба миқдори 1 миллиард доллари ИМА имкон хоҳад дод.

Ҳамчунин, айни замон сармоягузории Туркия дар Тоҷикистон зиёда 200 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мо чунин ме ҳисобем, ки дар ин самт метавонем зиёдтар пешрав бошем ва барои афзун намудани сармоягузори ҳо дар со ҳаҳои гуногун тадбир ҳо меандешем. Тариқи мисол, соҳибкорони турк дар соҳаҳои истифодаи гармхонаҳо, коркарди хӯрокворӣ ва бастабандӣ, системаи обёрӣ ва дигар самтҳо аз таҷрибаи худ ҳампешагони тоҷики худро метавонанд баҳраманд гардонида, он ҳоро дастгирӣ намоянд. Са ҳми ба ин монандро ҳамчунин барои рушди зерсохтори со ҳаи энергетика ва нақлиёт амалӣ карда метавонем. Туркия дар соҳаи пудратчигӣ дар дунё яке аз аввалинҳо мебошад, ки дар мавриди эъмори Тоҷикистон омода аст дар тарҳҳои нави кишвари шумо иштирок кунад.

Туркия дар соҳаи сайё ҳӣ таҷрибаи бузургро дорост. Мо табиати зебову нотакрор ва инфрасохтори зарурӣ дорем. Танҳо дар соли 2018 тақрибан 46 миллион cайёҳи хориҷӣ аз кишварамон дидор намудааст ва барои рушду таҳкими соҳаи сайёҳии Тоҷикистон Туркия ҳамчун шарики му ҳим барои ҳамкорӣ шуда метавонад. Тоҷикистон низ дорои зарфиятҳои бузурги туристӣ дар тамоми навҳои он ва табиати афсонавист. Аз ин рӯ, орзу дорем, ки сафар ҳои мутақобилаи саёҳонамон зиёд гардад. Саъю кӯшиши тарафайн дар ин самт ба қавитар намудани робитаи байни мардумонамон низ хидмат мекунад.

Туркия дорои иқтисодиёти динамикӣ ва кишвари ташаббускор мебошад. Со ҳибкорони турк қариб дар тамоми гӯша ҳои дунё дар со ҳаҳои мухталиф фаъолият доранд. Кишвар ҳои Осиёи Марказӣ дар самти тиҷорати берунаи кишвари мо ҳамчун минтақаи муҳим арзёбӣ мегарданд ва авлавият доранд. Тиҷорат бо ин минтақа дар соли 2017 тақрибан 7,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, сармоягузори ҳои ширкат ҳои туркӣ дар Осиёи Марказӣ 14 миллиард доллари амрикоӣ буда, аз ҷониби ширкат ҳои пудратчии туркӣ дар минтақаи мазкур тарҳҳои мухталиф ба миқдори 86 миллиард доллари ИМА амалӣ шудаанд. Ва ин ҳоло анҷоми кор нест.
Ҳамчунин аз торафт зиёд шудани фаъолияти сектори хусусии туркӣ дар Тоҷикистон из ҳори қаноатмандӣ менамоям. Сатҳи равобити иқтисодии байни кишвар ҳоямон нисбат ба дигар кишвар ҳои Осиёи Марказӣ камтар ҳам бошад, лекин он динамикаи мусбиро намоиш меди ҳад. Тиҷорати дуҷониба соли гузашта аз рӯи нишондоди ҷониби Тоҷикистон ба 400 миллион доллар расидааст. Нишондоди мусбӣ дар со ҳа ҳои сармоягузорӣ ва пудратчигӣ низ вуҷуд дорад. То ба имрӯз лоиҳаҳои пудратчигии дар Тоҷикистон амалишуда қариб 600 миллион долларро ташкил дода, сармояи туркӣ дар давраи да ҳ соли охир дар кишвар зиёда аз 200 миллион доллар мебошад. Дар ин маврид аз ҷумла корхонаи Ҷамъияти саҳ ҳомии “Нӯшоки ҳои Кока-кола” дар шаҳри Душанбе, ширкати “АК-Па Аллюминиум ва Рангубори Силкот” дар ша ҳри Хуҷанд, ширкати нассоҷии “Л.С. Вайкики”-ро метавон ном бурд. Яке аз сармояи муҳим дар ҳамкориҳои иқтисодии мо ширкати муштараки “Акиа-Авесто” мебошад, ки қисмбандкунии автобус ҳоро амалӣ менамояд. Автобус ҳои наве, ки имрӯз дар кӯчаву хиёбон ҳоиша ҳри Душанбе мебинед, маҳсули ин корхона мебошад. Ғайр аз ин, бисёр корхона ҳои хурду миёна ҳастанд, ки бомуваффақият дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Албатта, мехостем, ки равобити иқтисодии берунаи кишвари мо бо Тоҷикистон боз ҳам устувортар ро ҳандозӣ шавад. Бинобар ҳамин, кӯшиш дорем, ки муносибат ҳои иқтисодиро гуногунҷабҳа намоем ва сармоягузорони туркиро ба Тоҷикистон зиёдтар ҷалб намоем. Дар ин масир, барои рушди зерсохтори логистикӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаем. Аз ин лиҳоз, ҳадаф дорем, ки ришта ҳои нақлиётии байни ҳарду кишварро пурқуваттар намуда, хатсайр ҳои тарафайни ширкат ҳои туркиву тоҷикиро зиёдтар намоем. Дар ин ча ҳорчӯба, дар кӯтоҳтарин маврид парвоз ҳои ҳамлу нақли бор ҳоро оғоз намудан мехоҳем.

Ин ҷо фаъолияти Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамо ҳангсози (ТИКА)-ро, ки идораи расмии рушд бо ширкат ҳои туркӣ мебошад, чун дастгирии муштараки сектори хусусӣ ва давлатии Туркия дар пешрафти Тоҷикистон арзёбӣ намуда метавонем. ТИКА тавассути ширкат ҳои хусусии туркӣ бо таъмини ҷои кор ва хизматрасонӣ дар дигар барномаҳои амалишавандаи со ҳаҳои гуногун низ дастгирии мазкурро намоиш медиҳад.

Дар ро ҳандозии барнома ҳои иҷтимоӣ низ ҳамкори ҳои мо хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина, танҳо ТИКА, ки аз соли 1992 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият менамояд, то кунун дар ҳаҷми 21 миллион доллар беш аз 300 лои ҳаро амалӣ намудааст. Бо дарназардошти авлавиятҳо, ниёзмандиҳо ва ҳадаф ҳои рушд барои Тоҷикистон, ин лои ҳа ҳо бештар дар со ҳа ҳои омӯзиш, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва рушди зарфияти ташкилотӣ равона карда шудааст. Дар ча ҳорчубаи мазкур ва дар ҳошияи дархост ҳои анҷомшаванда аз сӯи мақомоти Тоҷикистон, аз ҷониби ТИКА шумораи зиёде аз бемористон, клиникаи тандурустӣ ва мактаб ҳо таъмиру муҷаҳ ҳазонида шуда, дар соҳа ҳои гуногун барномаҳои касбомӯзӣ ва зерсохтори муносиб ба он фароҳам карда шудааст. Мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон ро ҳандозии лоиҳаҳои худро, ки ҳадафашон фаро ҳам намудани хизматрасонии беҳтар ба мардуми Тоҷикистон дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва бо ин мақсад, бо кору фаъолият таъмин намудан мардуми Тоҷикистон дар кишвари худ ва са ҳмгузорӣ дар равнақи иқтисоди миллӣ аст, дар марҳилаи оянда низ идома хоҳем дод.

Илм ва маориф аз самтҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар ин самт хуб ба роҳ монда шудааст. Имрӯз бисёре аз ҷавонони мо барои идома додани та ҳсил ма ҳз Ҷумҳурии Туркияро интихоб мекунанд...
-Ба назарам, барои идомаи омӯзиш Туркияро интихоб кардани ҷавонони тоҷик якчанд омили бунёдии таъсиргузор вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама, муассиса ҳои та ҳсилоти олии Туркия босифат ҳастанд ва дар муқоиса бо макотиби давлат ҳои Аврупо ва Амрико имконияти таҳсилоти арзонтарро фаро ҳам мекунанд. Омили дигари ҷолибият ин барномаи “Бурсияҳои Туркия” аст, ки аз соли 1990 инҷониб амал мекунад. То ба имрӯз дар ча ҳорчӯбаи ин барнома соҳибмаълумот шудани беш аз 800 донишҷӯи тоҷик дар шакли квота, ки ба таври умда донишҷуёни зинаи бакалавр, ҳамчунин донишҷуёни давраи магистрӣ ва докторантураро дар бар мегирад, боиси хурсандӣ аст. Ҳамчунин фикр мекунам, ки наздикии фарҳангӣ ва умумият ҳои анъанавӣ низ дар интихоби Туркия барои таҳсилот дорои а ҳамияти муҳим аст. Донишҷуёни тоҷик ба кишвари мо омада, бо таҳсилот ва зиндагии дар Туркия фаро ҳам буда мутобиқат пайдо карда, эҳсоси бегонагӣ намекунанд ва бо нобаробарӣ рӯ ба рӯ намешаванд. Ин донишҷӯён ҳам барои ду кишвар “пули инсонӣ” барқарор менамоянд ва ҳам сармояи инсонии рушдкардаро барои Тоҷикистон фаро ҳам меоранд. Аз ин сабаб, мо ба ҳамкори ҳоямон дар со ҳаи маориф таваҷҷӯ ҳи зиёд зо ҳир менамоем ва аз он из ҳори қаноатмандӣ дорем.

Туркияро дар ро ҳандозӣ сохтани сиёсати “неоосманизм” муттаҳам мекунанд. Сиёсати имрӯзаи ҳарбӣ-сиёсии кишвари Шумо дар Ховари Наздик ва Миёна бисёре аз кишварҳои минтақа ва абарқудратонро ба ташвиш овардааст. Қувваҳои низомии Туркия дар шимоли Сурия ва Ироқ фаъол ҳастанд. Ҳатто бархе коршиносон мегӯянд, Анқара кӯшиши бозгашт ба сарзаминҳое дорад, ки пеш дар ҳайати Империяи Усмонӣ буданд. Назари Шумо ба ин чист?
Принсип ва ҳадафҳои сиёсати хориҷии Туркия маълум ҳастанд. Ҷум ҳурии Туркия аз рӯзи таъсисёбиаш дар чаҳорчӯбаи принсипи “Сулҳ дар ватан, сулҳ дар ҷаҳон” сулҳпарварӣ, созандагӣ, пойдор намудани суботу истиқрорро дар атрофи кишвар ва дар тамоми ҷаҳон мавриди таваҷҷу ҳисиёсати хориҷӣ қарор додааст. Минтақаи Ховари Миёна низ аз ин дидгоҳ истисно нест.
Сабаб ва асос ҳои иқдомоти Туркия дар Сурияву Ироқ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз наздик мушо ҳида мегардад. Имрӯз бесуботии ин кишварҳо ба амнияти миллии Туркия бевосита таъсир мерасонад, боиси кишвари моро мавриди ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор додани созмон ҳои террористӣ, ба монанди “Ҷаб ҳат-ан-нусра” ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ҷудоиандозу тундгаро шудааст. Ин омил ҳои манфӣ ҳамчунин муҳоҷирати шадидро дар сарҳадҳои мо эҷод мекунанд. Дар айни замон дар қаламрави Туркия 3,6 миллион шаҳрванди Сурия ва сад ҳо ҳазор шаҳрванди Ироқ паноҳ ёфтаанд. Туркия аз зумраи кишварҳои ангуштшуморест, ки рӯ ба рӯ дар майдони ҷанг бар муқобили террористони ДИИШ дар қаламрави Ироқ ва Сурия мубориза мебарад.
Дар ин росто, Туркия дар марҳилаи гузашта бо амалиётҳои бомуваффақ амалинамудаи низомии “Сипари Фурот” ва “Шохаи Зайтун” дар Сурия, дар марз ҳои худ масоҳати 4000 км² ҳудудро аз терористон тоза намуд. Дар натиҷа 7500 террорист безарар гардонида шуда, бо саъю кӯшиш ҳои мо наздик ба 300 ҳазор шарванди Сурия ба минтақаҳои амни аз терорристон покшуда баргардонида шуданд. Илова бар ин, Туркия ҳамчун як узви фаъоли Эътилофи мубориза бар зидди ДИИШ дар муборизаи Ироқ алай ҳи ин созмони терористӣ ҳамаҷониба са ҳми худро гузоштаааст. Аз ҷониби дигар, ДИИШ ягона созмони терористӣ дар Ироқ нест. Туркия бар муқобили унсурҳои терористии ҲКК ( Ҳизби коргарии Курдистон. А.Д.) дар Ироқ бо назардошти ҳуқуқи мудофиаи қонунии худ, ки аз моддаи 51 Низомномаи СММ сарчашма мегирад ва дар ростои масъулияти хеш, ки дар доираи қарор ҳои қабул намудаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба муборизаи байналмилалӣ бар зидди терроризм қарор мегирад, мубориза мебарад. Дар моддаи 7 Сарқонуни Ироқ муқаррароте вуҷуд дорад, ки мавҷудияти ҳамагуна унсури хатарнок барои кишварони ҳамсояро манъ мекунад. Инро мо ҳамеша аз забони намояндагони воломақоми Ироқ мешунавем. Дар сурати хотима бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои терористии дар қаламрави Ироқ ҷойгиршуда, зарурати амалӣ намудани ин амалиёт ҳо низ барои мо аз байн меравад.
Аз ин рӯ, бадгумонии касоне, ки фаъолият ҳои Туркияро дар кишвар ҳои Сурияву Ироқ зери маф ҳуми “неоосманизм” ва ғасби сарзамини кишвар ҳои мазкур бозтоб менамоянд, ба мо равшан аст. Аслан, манфиатбарони ҳақиқии халалдоршавии якпорчагӣ ва бесуботии кишвар ҳои номбурда созмонҳои террористие ҳастанд, ки Туркия бо он ҳо мубориза мебарад. Туркия аз аввал ҷонибдори қавии тамомияти арзӣ ва итти ҳоди сиёсии ҳамсоягони худ мебошад. Давлати мо бо дар назардошти принсипҳои зикргардида, минбаъд низ дар ростои ҳимояи амнияти миллии худ қотеъона қадам ҳои заруриро хо ҳад гузошт.
Мутаассифона, ба асари нооромиҳо дар минтақа, ки Туркия дар он ҷойгир шудааст, шумораи муҳоҷирони иҷборӣ ҳар сол рекорди нав мегузорад. Тавре, ки пештар изҳор намудам, Туркия 3,6 миллион нафарро аз Сурия, ки аз ҷанги шаҳрвандии кишвари худ фирор кардаанд, дар қаламрави худ қабул кардааст. Туркия, бо дидгоҳ ва сиёсати инсондӯстонаи худ барои тамоми фирориён аз зулм аз ибтидо марзҳояшро боз гузошта, ҷиҳати таъмини тамоми эҳтиёҷоти гурезагони кишвари Сурия саъю кӯшиш ба харҷ меди ҳад. То имрӯз мо маблағи беш аз 35 миллиард доллари амрикоиро барои паноҳҷӯён сарф намудем.

Дар ин замина, барои дарки беҳтари корҳои амалинамуда мехоҳам баъзе омор ҳоро манзури Шумо гардонам. Шумораи кӯдакони Сурия, ки дар 7 соли охир дар Туркия таваллуд шудаанд, зиёда аз 385 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. 645 ҳазор аз беш аз 1 миллион кӯдак аз Сурия, ки дар синни мактабӣ қарор доранд, ҳоло дар кишвари мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи муроҷиати шаҳрвандони Сурия ба бемористон ҳо зиёда аз 34 миллион мебошад. Тақрибан 1.5 миллион суриягӣ имкони табобати статсионарӣ дошта, дар беморхонаҳоямон зиёда аз 1 миллион нафар амалиёти ҷарроҳӣ карда шудаанд. Ягон кишвар то имрӯз дар танҳоӣ чунин бори вазнинро ба ӯҳда нагирифтааст.

Дар ин раванд ҷомеаи байналмилалӣ бо ғафлат аз арзишҳои инсониву виҷдонӣ, мутаассифона, имтиҳони бадеро паси сар кардааст. Бояд қайд намуд, ки бидуни тақсими одилонаи ӯҳдадори ҳо дар мавриди ҳалли мушкилоти гурезагон расидан ба ҳадафҳои созанда имконнопазир аст.
Аз нигоҳи Шумо, ҳастанд зарфият ҳое, ки дар муносиботу муштаракоти мо ҳанӯз то ба охир истифода нашудаанд?
-Барои вусъати бештари муносибат ҳоямон бо Тоҷикистон асосан заминаи лозима мавҷуд аст. Иродаи сиёсии қавии дутарафаи ҳар ду кишвар, мавҷудияти механизм ҳои ташкилотӣ, наздикии фар ҳангии мардумонамон ва таҷрибаи дар давраи беш аз 20 соли охир ба даст омада дар ин росто барои мо як чаҳорчӯбаи қавӣ муҳайё намудааст. Дар давраи минбаъда, бо дар авлавият қарор додани ҳамкори ҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бояд дар муносибатҳои худ ба самтҳои дорои чашмандози равшан мароқ зоҳир намуда, лоиҳаҳои дақиқро пайгирӣ кунем. Боздиди ба нақша гирифташудаи мӯҳтарам Президентамон аз Тоҷикистон аз ин ҷиҳат дорои аҳамияти калон буда, боварӣ дорем, ки он боиси боз ҳам вусъат бахшидани муносиба ҳои ду кишвари дӯст хоҳад шуд.
Ҷаноби сафир, барои суҳбати пурмуҳтаво ба Шумо изҳори сипос мекунам.
- Ташаккур ба Шумо низ. Орзуи онро дорам, ки марҳилаи минбаъда василае хоҳад шуд ҷиҳати шодкомӣ, тандурустӣ ва осудагӣ барои бародарони тоҷикистонӣ ва он муносибатҳои дӯстона ва манфиат ҳои муштараки миллатҳои қадимаи турку тоҷикро боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.
Мусоҳиб Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: