Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вуҷуди ҳаёт дар Мирих

Вуҷуди ҳаёт дар Мирих

3-04-2019, 14:24
Хабарро хонданд: 422 нафар
Назарҳо: 0
Вуҷуди ҳаёт дар  МирихДонишмандони кайҳоншинос таркиботе шабеҳ ба метан кашф кардаанд, ки метавонад нишонаҳои ҷаддиде аз ҳаётро дар ин сайёра нишон диҳад. Дар понздаҳ соли гузашта ва дар замони баррасии отмосфераи Мирих донишмандон дар паи кашфи таркиботе буданд, ки нишонаҳои ҳаётро дар худ дошта бошад. Метан дар шароити стандартӣ ва фишори газӣ бебўй беранг ва сабуктар аз ҳаво аст. Ин газ дар табиат аз таҷзия ва пўшида шудани маводи олӣ, ба вижа фасоди кайҳон, ҷонварон ва ҳамин тавр аз фаъолиятҳои ҳаёти онҳо пайдо мешавад.
Акнун як гурўҳи коршиносони байналмилалӣ дар ҳоли баррасии наворҳое мебошанд, ки дар таи солҳои гузашта аз Мирих ва дигар саёраҳои манзумаи шамсӣ ба даст омадаанд, то манбаи ин газро пайдо кунанд. Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки мумкин аст манбаи метани ёфтшуда дар Мирих бо манбаи он дар замин мутобиќат бошад ва ин метани лозима ба маънии вуҷуди ҳаёт дар саёраи сурх нест. Аз сўи дигар бархе аз онҳо эҳтимол медиҳанд, ки метани тавлидшуда, аз фаъолияти ҳаёти мавҷудоти такслуи (подслой) ба вуҷуд омадааст. Аз замоне, ки ҳаёт бар рўи замин бо ҳузури мавҷудоти якҳуҷайрадори ҳавозӣ-aerobic (холӣ аз оксигену ҳаво) пайдо шуда, дар сурати дуруст будани ин фарзия мумкин аст, ки мирих дар зарфи чанд миллион соли оянда шакли нави аз ҳаётро дар худ дошта бошад.
Гарчи об дар ин сайёра дар шакли моеъ вуҷуд надошта, танҳо дар шакли сахт, яъне ях ёфт шудааст, аммо маҷмўи ин далелҳо нишон медиҳад, ки Мирих дар оянда метавонад хонаи мавҷудоти зинда шавад. Агар манбае, ки метон дар Мирих аз он тавлидшуда кашф шавад, умед ба зиндагии инсон низ дар он афзоиш меёбад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: