Японҳо аз куҷо ба галаҷазираҳо пайдо шуданд?19-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Дар рӯи Замин халқеро пайдо кардан имконнопазир аст, ки гузаштагони худро бо ифтихор ёдоварӣ накунад. Ҳама кӯшиш мекунанд, ки авлодони худро ба ирқи олӣ нисбат диҳанд. Ин аст, ки дар аксари ҳолат таърих таҳриф шуда ба ҷои ҳақиқати кул носаҳеҳиҳо рӯи қоғаз омада, наслҳои минбаъда аз ҳақиқати ҳол бехабар ҳастанд.
Олимони Япония дар хусуси аз кадом гӯшаи дунё ба галаҷазираҳои имрӯза афтодани гузаштагони худ таърихро чаппагардон карда, якчанд тахминро пешниҳод менамоянд. Як фарзияи олимон собит менамояд, ки гузаштагони япониҳо аз сарзамин имрӯзаи Чилӣ ба воситаи Аляска ва яхистони Океани яхбастаи шимолӣ ба ҷазираҳои Скандинавия омадаанд. Баъдтар онҳо тамоми қитъаи Аврупоро давр зада, ба тарафи ҷануб тоб хӯрдаанд. Агар ҳамин тавр бошад, гумон меравад, ки як гурӯҳи қабилаи японҳои қадим дар Сибири Русия муқимӣ шудаанд. Барои исботи ин фарзия гурӯҳи олимони Япония ба округи Нанетси Федератсияи Русия омаданд. Тадқиқоте, ки олимони японӣ дар ин минтақаи Русия ба анҷом расониданд, дарёфти нишонаҳои генҳои японӣ дар организми сокинони маҳал аст. Мавриди зикр аст, ки хусусиятҳои генетикии япониро муҳаққиқони ин давлат дар минтақаи Анди Амрикои ҷанубӣ ва як гурӯҳи сокинони ҷануби Африка пайдо карда тавонистаанд. То ҷое маълумот дорем, олимони япония дар таркиби ДНК-и сокинони округи Нанетс шабеҳ ба хусусиятҳои худро пайдо накардаанд. Олимони антропологи Япония бошад, ким-кадом монандии нанетсҳои гузаштаро бо японҳо дарёфт кардаанд. Пас бобои нанетсҳо япон буд? М.Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.