ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, борон меборад28-03-2019, 08:30
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 28.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 ва дар мавзеи Булункӯл 14-16 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа гарм шуда, дар мавзеи Булункӯл то 2-4 дараҷа сард мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рўзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.