ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон дар назар аст29-01-2019, 08:47
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Январь 29, 2019 08:16 ДУШАНБЕ, 29.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, инчунин то 24 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 30-35 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мегардад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа сардӣ дар назар аст. Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борон дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -2+3 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -4+1 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.