Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

10-01-2019, 08:57
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
Январь 10, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 10.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар дигар ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона -3-2 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: