Зинаҳои асосии тарбия18-02-2018, 08:08
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
Таърих гувох аст, ки аз кадимулаём, мардуми сохибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд ахамияти хоса зохир намуда, барои дар руҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, донишандўзиву маърифатпарварӣ, чавонмардиву ахлоки хамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ хамеша кушиш мекарданд. Дар тули садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаву ба камол расонидааст,ки онҳо барои халки худ ва тамаддуни башар хизматҳои таърихро ба анҷом расонидаанд.Дар баробари омўзиши сахифаҳои арзишманди таърихи аҷдоди номдорам имрўз диққат додаанд. Ва омилхои , ки онҳоро ба пирўзиву сарбаландӣ расонидаанд, зеро маҳз таҳкими оила , таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа мустахкамии кудрати давлат ва побарчоии тамаддунхо ба шумор меравад. Ҳамаи дастовардҳо ба корномаҳои мардонагиву қахрамонии фарзандони халқи тоҷик бешубҳа натича ва самараи захмати шабонарузии падару модарони азизи мо мебошанд,чуенки ҳамчун иснсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ў ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад. Аз ин лиҳоз падару модарони арчманд бояд рисолати мукаддаси худ-тарбияи поктинаву зебоипарастӣ, ватандориву ватанпарастӣ, башардўстиву инсонпарастӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фаразандон идома дода насли наврасӣ кишвари соҳибистиқлоламонро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ бакамол расонанд ва онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилопурона ба сўи уфукхои ояндаи ободу осуда баранд. Дар баробари ин эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони ба нангу номус мебошад. Шахс дар сурате метавонад ба пирузиву комёбиҳо ноил гардад, дуои неки падару модарро гирад ва ба кадри ранчи у захмат ва дилсузиву ғамхорияшон расад. Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди ичтимоӣ- оила , мактаб ва ҷомеа рўҳи равони воқеи пайдо мекунанд, аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои итиллооти, ки дар натичаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст,таъсири зиёд мерасонад. Дар ин гуна ҳолат ниҳодҳое зикр намуданд,ки бояд якҷо бо расонахои миллии иттилоотӣ, неруву иқтидори кофии муқовимат дошта бошад, то ин ки вуруди ҷабҳахои номатлуби фарҳанги бегонаро пешгири карда нагузоранд, ки онҳо дар ҷомеа миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро заҳролуд намоянд. Дар раванди муосир бояд қайд намуд, ки фанни технологияи иҷтимоӣ-фарҳангии кўдакон ва наврасон бо дигар илмҳо аз кабили педагогика, психология, этика, эстетика, адабиёт ва дигар илмҳо алокамандии зич дорад. Зимни гузаронидани машғулиятҳои фарҳангӣ бо кў- дакон ва наврасон вобаста ба синну соли онҳо накшаи корӣ тартиб медиҳем. Мо метавонем вобаста ба синну соли кўдакон чунин гуруҳҳоро таъсис дихем. 1.Синни то мактабӣ (то 7-сола) Дар ин синну сол кўдакон то андозае ба ашёхои зиндагӣ ошноӣ доранд ва дар онҳо хусусиятҳои зиддият дар хоҳиши аз худ кардани олами ашёи ҳакиқӣ ва маҳдудияти имкониятҳои ў ифода меёбад. Инчунин, дар ин синну сол кўдак ба таклид кардан бештар дилбастагӣ пайдо мекунад. Масалан, ронандаро дида ба амал ва садои мошин таклид мекунад. Ҳангоми бозиҳои мазмундор кўдакони синни то мактабӣ кушиш мекунанд, тамоми образҳои ба зиммаашон бударо ба тариқи лозима, мувофиқи дид ва назари худ ичро намоянд. Хусусияти дигари ташаккули ин давра хусусияти шаклгирии шахсияти кўдак мебошад. Ба чунин шаклгирии хислати кўдак пеш аз ҳама бозиҳо, кашидани расм ва афсонаҳои шунидааш сабаб шуда метавонанд. 2.Синни хурди то мактабӣ. Ин давра кўдакони аз 7сола то 12 соларо дар бар мегирад. Дар ин синну сол кўдак бори аввал ба саҳни мактаб по мениҳад ва рў ба гирифтани дониш меоварад. Дар ин давра ў муомила карданро,пеш аз ҳама ба калонсолон меомўзад.Ин давра марҳалаест, ки ба зиндагии минбаъдаи кўдак таҳкурсии қавӣ мегузорад. 3.Синни миёнаи мактабӣ-ин давраест ташаккулёбии кўдак хам аз чиҳати ҷисмонӣ ва хам аз ҷиҳати психологӣ бараъло мушоҳида мегардад. Дар ин айём дар кўдак эҳсосоти зиёде зуҳур мекунанд, ки барои мураттаб сохтани онҳо вазифаи падару модар ва мактаб хеле муҳимият дорад. Кўдакон дар ин давра аллакай бештар дидаанду шунидаанд ва зуҳурёбии баъзе аз ин ҷузиётҳо дар рафтор ва хислати онҳо бараъло ба назар мерасад. Синни болои мактабӣ. Дар ин давра кўдак бештар ба тахаввулоти зиндагӣ аз наздик ошноӣ пайдо мекунад. Пеш аз ҳама фарзандон худро ба камол расида мехисобанд. Дар ин айём ба онҳо бештар мебояд мустақилилият дода шавад, аммо ин мустақилият бояд аз тарафи калонсон аз дур мушоҳида карда шавад. Иштибоҳи содиршуда ба зуди аз чониби онҳо бояд бартараф гардад. Бале,дарҳама давру замон таълиму тарбия мақоми хосаеро дорост ва яке аз вазифаҳои мухим ва масъулиятноке, ки имрўз аз ҷониби давлат ва Хукумати Чумхурии Точикистон баррасӣ гардидааст, ин қабул гардидани Конун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд мебошад. Хамаи ин масъулияти падару модаронро дар назди фарзандон зиёд намуда онхоро водор месозанд, ки дар тарбияи онхо ҳамчу насли сoлиму бомаърифат хисса гузоранд. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.