«ХЛОПУШКА» МАНЪИ ОН БАРОИ КӢ БУД?14-12-2017, 15:37
Хабарро хонданд: 463 нафар
Назарҳо: 0
(Маводҳои бадсифат, қочоқӣ ва ҳатто бефарҳангии бархе аз мардум, бояд зери назорат бошад) «Хлопушка» – бозичаи таркандаст, ки гўё барои вақтхушии кўдакон дар соли нави мелодӣ истифода мешавад. Ин асбоби вақтхушии гўё кўдакона фалокатҳои зиёде ба бор овардаву боиси фоҷеаҳои чун сўхтор, кўр шудани бачаҳо, аз даст ё пой маҳрум мондани онҳо ё барои умре маъюб шуданашон сабаб гашта бошад ҳам, то кунун барои бачаҳо тарконданаш як дўстдошта аст. Калонсолон хоса онҳое, ки ҷанги шаҳрвандиро бо чашми сар дидаанду аз ҳар садои даҳшатафкани ба овози тиру тўп монанд безоранд, аксаран бо шунидани тарақо-туруқи «хлопушка»-ҳо асабӣ мешаванд. Тифлакон аз чунин садоҳо метарсанд, аксар касон аз ногаҳон овози даҳшатнок баровардани он сахт хавотир шуда дилзанак ҳам мешаванд, вале… Инак, моҳи декабр аз нисф мегузараду то нимаи аввали моҳи январ ин садои шум кайфи бошандагони шаҳри Душанберо мепарронад, аммо бар ивази он бачаҳои эркаи баъзе хонадонҳо лаҳзае завқ мебаранд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки метавон барои чанд дақиқае «бозӣ» кардани кўдакони нозпарварди чанд хонадон ба ин «бозича»-и хатарнок иҷозаи вуруд ба кишварро дод? Албатта не. Маҳз барои хатарноку нозарур будани он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол муқаддам ба Кумитаи гумрук ворид шудани ин бозичаи таркандаву ба ҳаёти кўдакон хатарнокро манъ карда буд. Аммо соли аввали ин тасмим тарақотуруқҳои бешумори онро шунида мо гумон карда будем, ки онҳо боқимондаҳои ҳамон воридоти пешин ҳастанд, ки гўё пинҳонӣ фурўхта мешаванду бачаҳо онҳоро «тарконда» дилхушӣ мекунанд. Аммо ин тахмини мо беҷо буд. Ду-се соли охир боз ин садои даҳшатафкан табъи моро хира месозаду ба қавли кампирҳо кўдаконамонро «пурнила» (яъне берў) мегардонад. Суоли баъдӣ ин аст, ки магар волидоне, ки ба бачаҳои худ пулро барои хариди чунин бозичаи хатарнок медиҳад, фарзандбезоранд? Шояд посух ин ҷо чунин бошад, ки аксар кўдакон волидонро фиреб кардаву бо пули барои харидани ручкаву дафтар ё дар мактаб хўрокие харидан, чунин бозичаҳоро мехаранд. Шояд. Вале ин ҷо заъфи тарбияи падару модар собит мешаваду риоя нашудани «Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзандон бармало. Ҳамчунин корҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ набурдани омўзгорон дар мактабҳо низ боиси он мешавад бачаҳо, ки аз хатари ин гуна маводи тарканда дастуре нагирифта огоҳӣ надоранд. Зеро борҳо шоҳид шудаем, ки бачаҳо дар мактаб «хлопушка»-и сўзонро ба «капюшон»-и ҳамсинфони худ партофта духтараконро сахт тарсонидаанд. Ё ба либоси онҳо ин бозичаҳои оташдор зарар расонидаву хатари оташ гирифтану сўхтани нафареро ба миён овардааст. Ба андешаи онҳое, ки дар ҳавлиҳо мезиянд ё дар деҳот умр ба сар мебаранд, камкортарин занон – инҳо занҳои хонанишини сексияҳо, яъне хонаҳои баландошёнаанд. Ин андеша «ҷон дорад», зеро зани дар чунин шароит зиндагӣ мекарда аз бисёр корҳои рўзмарраи вазнини хоҷагӣ аз зумраи нигоҳубини гову мол, ширдўшиву ширпазиву ҷурғоту маска кардан, хамиркуниву нонпазӣ, дар оташдон хўрок пухтану дастӣ либос шустан, ҳавлирўбиву ҳотакорӣ ва аз садҳо майда-чуйда корҳои вазнине, ки ба ҳавливу ҳаёт иртибот доранд, халос гаштаанд. Яъне онҳо фурсати бештару холӣ барои нигоҳубини фарзанд доранд. Аммо баръакс аксар занҳои «этажнишин» кўдакони худро ба беруни бино ба бозикунӣ фиристода баъзан як бор ҳам сар аз тиреза бароварда аз ҳоли кўдаконаш, ки аз чашм дуранд, бохабарӣ намекунанд. Масалан қариб як моҳи «хлопушкакафонӣ» як занеро намебинам, ки хавотир шуда бошад, ки дар ин «таркиш» кўдаконаш осебе надида бошад ё бачаи ў сабаби фалокати дигаре нагашта бошад. Ин бонувон, ки аксаран ба тамошои сериалҳо машғуланд ё бо телефонҳои мобилиашон лақ-лақ доранд, боре намеандешанд, ки доду фарёди бачаҳои онҳо ба ҳамсоягон халал мерасонад. Зеро ин фарҳангро надоранд. Фарҳанги ҳамзистӣ дар шаҳр тақозо мекунад, ки кас ба дигарон ҳангоми истироҳаташ халал нарасонад. Акнун суоли дигаре, ки бояд ҳамаро ба ташвиш биёрад, ин аст, ки оё кўдакон тарзи истифодаи дурусти инчунин «бозичаҳо»-ро медонанд ё не? Вале ку чунин бонувони боақл, ки ин гуна ҳақшинос бошанд Наваду нўҳ дар сад мутмаинам, ки намедонанд. Зеро «хлопушка»-ҳое, ки бачаҳои мо истифода мекунанд, аксаран бо роҳи қочоқ истеҳсол мешаванду бо роҳи қочоқ вориди мамлакати мо. Боре нашунидаам, ки идораи «Тоҷикстандарт» чунин воридотро бо сабаби ҷавобгў набуданашон ба меъёрҳои бехатарӣ аз муомилот бардошта бошад, яъне «хлопушка»-ҳо «салютҳо» ва дигар маводи барои шавқовар кардани Соли нав (дар асл ман намефаҳмам, ки таркишу садои даҳшатафкани он чӣ шавқоварӣ дошта бошад?) бояд дар заводҳое тайёр карда шаванд, ки маводи онҳо ба талаботи бехатарӣ, сифат ва стандарт (меъёр) ҷавобгў бошад. Яъне тарзи истифодаи онҳо дар болои қуттиҳояшон навишта шуда, чӣ миқдор тротил доштани ҳар як донаи он ишора шуда бошад. Баъдан нақши муҳим дар ин ҷо тарзи нигоҳдории онҳост, ки бояд ба талаботи стандарти қабулшуда нигаҳдошти он посухгў бошад. Агар сифати ин маҳсулот дар натиҷаи нодуруст нигаҳдорӣ шудан вайрон шуда бошад, хатари он ба одамон бештар аст. Мисолҳои дар дасти кўдакон таркидани онҳо ё зуд натаркидану баъди ба онҳо наздик шудани кўдакон таркиданашон хеле зиёданд. Ин ҳама бозгўйи ба меъёр ҷавобгў набудани хлопушка, салют, фейерверк ва даҳҳо номгўйи «бозичаҳо»-и мавриди баррасии мост. Аммо на ниҳодҳои масъул, на волидону муаллимон ва на воридкунандагону савдогаронро парвои он нест, ки як «хлопушка» чӣ хатаре метавонад ба бор биёрад. Ин масъала мавзўъҳои зиёдеро дар бар мегирад. Масалан яке аз онҳо аз Хитой ворид шудани ин бори бо роҳи қочоқ ва аксаран пинҳонӣ бе санҷиши стандартӣ ва гумрукӣ, ки ҳарду ҳам қонуншиканиянд, мебошад, ки нафарони бо мо дар ин масъала сўҳбат дошта, аз ифшои номашон канорагирӣ мекунанд. Масалан дар Россия, ки ҳарчанд ин гуна мавод дар заводҳои ватанияшон истеҳсол мегардад, фурўши онҳо таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад. Бе нишон додани шиноснома, ки исботи ба балоғат расидани одам аст, чунин «бозичаҳо» дар мағозаҳояшон фурўхта намешавад. Яъне ҳар кўдаке, ки хост, чун дар мо аз дилхоҳ киоску мағоза «хлопушка» харида наметавонад. Баъдан фурўшанда вазифадор аст, ки таваҷҷуҳи харидорро ба тавсияномаи истифодабарии он ҷалб созад, то боиси нохушие нагардад. Харидори боақл бошад, худаш ба меъёр ҷавобгў будан ё набудани онро то нахонаду набинад, онро намехарад. Аммо кадоме аз мо зимни харидорӣ ба ин чизҳо таваҷҷўҳ мекунад? Ҳеҷ кас. Дар ин ҳол дар қуттиҳои бо забони хитоӣ йероглиф навиштаи «бозича»-ҳои мо чӣ ишораест, Худо медонаду халос. Инак, то соли нав се ҳафтаи дигар асту хатари сўхтор, таркиши ноҷои хлопушкаву салютҳо ва дигар бозичаҳои бе сифати хитоӣ дар шаҳри мо меафзояд. Аммо кӣ барои чӣ бояд ҷавоб бигўяд, солиста, ки ҳамасола дар ин моҳи пеш аз иди Соли нав, бепосух мемонад. Имсол ҳам? Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.