Шодмонии модарон7-03-2019, 04:30
Хабарро хонданд: 467 нафар
Назарҳо: 0
Иқдом ё худ аксияи «Рӯзи сипоси Модар» дар қаламрави шаҳри Хуҷанд хотирмон ва хеле самимона сурат гирифт. Масъулини ҳизб якҷоя бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар мавзеъҳои серодам бонувони роҳгузарро табрик ва барояшон гулу номаи табрикӣ супориданд. Аз ин иқдоми наҷибу ғайричашмдошт, яъне, иқдоми ҲХДТ модарону хоҳарон шод гардиданд. Бояд ёдовар шуд, ки иқдоми мазкур дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.