МОДАР – АСОСИ ЗИНДАГОНӢ7-03-2018, 10:30
Хабарро хонданд: 482 нафар
Назарҳо: 0
5-уми марти соли ҷорӣ дар толори Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни «Рўзи модар» бо иштироки занону духтарони фаъоли ноҳия таҳти унвони “Модар–асоси зиндагонӣ” ҷамъомади тантанавӣдоир гардид. Дар маросим Раиси ноҳия Қаноатшо Лоиқзода ҳамаи модарон ва бонувони ноҳияро табрик намуда, ба зиёда аз 100 нафар модарону духтарон туҳфаҳо ва ба 20 нафар бонувони фаъол ифтихорномаҳо тақдим кард. Ҳамзамон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт 10 нафар собиқадорон ба туҳфаҳо ва панҷ нафар фаъолони ҳизб бо ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроия сарфароз гардонида шуданд. Зимнан дастандаркорони Шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи консертӣтабъи ҳозиринро хушнуд намуданд. Ибодуллоҳи Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.