Зафаробод:- “Рӯзи сипоси модар” дар ноҳияи Зафаробод мутантан барпо карда шуд.
Нахуст, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзоёни фаъоли ҳизб занону модарони собиқадор ва якчанд нафар бонувоне, ки бемор ҳастанд, аёдат карданд.
Сипас, бо иштироки аъзоёни фаъоли ТҶҶ ”Созандагони Ватан” гулҳои баҳорӣ ва номаҳои табрикии омоданамудаи КИ ҲХДТ дар ноҳия ба занону гулдухтарон тақдим карда, таманниёти самимона ба онҳо расонида шуд.
Гурӯҳҳо аз ҳисоби кормандони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҷойҳои сераҳолии маркази ноҳия ва ташкилоту корхонаҳо ҷамъ омада, вобаста ба қадру манзалати модар, мақому бузургии ин олиҳаи ҳусну зиндагӣ, ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, пуштибониҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мақоми зан-модар дар ҷомеа ва иқдому ташаббусҳои созандаи ҲХДТ баромадҳо ироа карданд.