Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон шакли нави хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҷорӣ гардид

Дар Тоҷикистон шакли нави хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҷорӣ гардид

28-02-2019, 05:00
Хабарро хонданд: 415 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон шакли нави хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҷорӣ гардид

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади истифодаи таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳие, ки ба муштариён маҷмўи хизматрасониҳоро таъмин менамояд, дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии ҶДММ «Бунёд-Тур» Сертификат-армуғони сайёҳиро роҳандозӣ намуд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳи ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Сертификат-армуғони сайёҳӣ ин василаи муосири қадрдонӣ ва ё ҳавасмангардонӣ буда, барои рушди муносибатҳо дар ҳаёту фаъолияти касбӣ ва шахсӣ яке аз беҳтарин туҳфаҳо арзёбӣ мегардад.

«Сертификати мазкур бо арзиши нишондодашуда ба дорандаи худ ҳуқуқ медиҳад, ки аз дафтари кории ширкати сайёҳии «Бунёд-Тур» ё намояндагиҳои он дар маҳалҳо роҳхати сайёҳӣ дастрас намояд. Инчунин, дорандаи Сертификати мазкур ҳуқуқ дорад, ки баробар бо арзиши Сертификати мазкур ё ин ки баробар ба маблағи якчанд Сертификат роҳхати сайёҳӣ (ройгон) ба самти дилхоҳ дастрас намояд; дар сурати интихоби хатсайри гаронарзиш (нисбат ба арзиши Сертификат), фарқияти арзиши муқарраршударо пардохт намуда, роҳхати дилхоҳашро ба даст орад; самт/ҷой, вақт, тарз ва муҳлати саёҳатро интихоб намояд; сертификати бадастовардаро ба ҳар шахси дилхоҳ, ки қобилияти истифодабарӣ дорад, тақдим кунад», — илова намуд манбаъ.

Шартҳои дигари дастрас намудан ва истифодаи Сертификат дар он дарҷ карда шудааст.

Сертификат-армуғони сайёҳӣ ҳамчун василаи қадрдонӣ/ҳавасмангардонӣ ба гурӯҳҳои зерин хос мебошад:

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳои варзишӣ — ҳамчун туҳфа ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ ва дигар озмуну ҷашнҳо;
Аъзои оила — туҳфа ба шахсони наздик дар мавриди ҷашнвораҳо: зодрӯз, тӯй, идҳои баҳорӣ ва ғайра;
Маъмурияти ташкилоту муассисаҳо — ҳавасмандгардонии кормандон зимни муваффақиятҳо, ба синни нафақа расидан, мукофотпулӣ барои рухсатӣ ва ғайра;
Бахши хусусӣ — ҷиҳати ҷалби муштариён бо роҳи ҳавасмандгардонӣ, туҳфа зимни ташкили озмунҳо, тахфифҳо, бозиҳои зеҳнӣ ва ғайра.
Ширкати сайёҳии «Бунёд-Тур» Сертификат-армуғонҳои худро аз рӯи 7 номинал ба амал мебарорад:

Сертификат бо арзишҳои 300, 500, 1000, 3000, 5000 ва 10000 сомонӣ.

Сертификати махсус — муштариён ва ё ташкилоту муассисаҳо вобаста ба имкониятҳои худ ва бо арзиши муносиб/дилхоҳ метавонанд Сертификат-армуғони махсус фармоиш диҳанд. Сертификати мазкур, ҳамчунин метавонад суроғавӣ бошад, аз ҷумла «Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Душанбе», «Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Хуҷанд» ва ғайра.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: