Артиши миллӣ- мактактаби мардонагӣ20-02-2019, 11:24
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар Гимназияи №6-и ҷамоати деҳоти Ошоба вохӯрӣ доир намуд. Ин вохӯрӣ бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон баргузор шуд ва дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Рӯзиматов Дилшод ва раиси Шӯрои собиқадорон Мӯътабар Мадаминова иштирок ва суханронӣ карданд. Қайд гардид, ки ватандӯстӣ дар татбиқи амалҳои созанда ва ободкорӣ ба нафъи шукуфоии Ватан зоҳир мегардад. “Хизмат ба Ватан — Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад”. Рӯзиматов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таъкид намуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. “Хизмат дар сафи Артиши миллӣ баои ҳар як ҷавон мактаби ҷасорату мардонагӣ буда, омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар мкаҳсуб меёбад”. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.