Баланд бардоштани маърифати сокинони маҳал дар мадди назар14-02-2019, 09:00
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Ш.ШОҲИН. Дар деҳаи Чагами миёна тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дастуру супоришҳои мақомоти болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид. Вохӯриро Қурбонзода Шифо сармуҳаррири нашрияи «Овози халқ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, доир ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми НОБ-и Роғун, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуд. Дар идомаи суҳбат моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба сокинон фаҳмонида, аз ҳар яки онҳо ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ барои боз ҳам пешрафтатар гардидани Ватани азизамон-Тоҷикистон даъват ба амал овард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.