Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВКД Россия изҳороти Зубовро доир ба интиқоли ҷангиёни ДИ* ба Тоҷикистон шарҳ дод

ВКД Россия изҳороти Зубовро доир ба интиқоли ҷангиёни ДИ* ба Тоҷикистон шарҳ дод

1-02-2019, 09:17
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
ВКД Россия изҳороти Зубовро доир ба интиқоли ҷангиёни ДИ* ба Тоҷикистон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Изҳороти муовини вазири корҳои дохилии Россия Игор Зубов дар робита ба он ки гӯё ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ*, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Федератсияи Россия) аз ҳудуди Покистон ба сарҳад бо Тоҷикистон интиқол меёбанд, пешгӯии шахсии ӯ мебошад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 30 январ намояндаи расмии ВКД Россия Ирина Волк ба ТАСС изҳор дошт.

«Маълумоте, ки 28 январ аз ҷониби Зубов зимни ҷаласаи ҷамъбастии вазорати корҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тотористон садо дод, пешгӯии шахсии ӯро дар робита ба эҳтимоли ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нишон медиҳад», — гуфт Волк ва зикр кард, ки ин изҳорот мавқеи расмии мақомоти корҳои дохилӣ нест.

28 январ Зубов (ДАР АКС) изҳор дошт, ки ҷангиёни ДИ* дастаҷамъона аз ҳудуди Покистон ба сарҳади Тоҷикистон тариқи чархболҳо интиқол меёбанд. Ин ду давлат сарҳади умумӣ надоранд, вале ҳарду бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошанд, ки тавассути қаламрави он ҷангиён метавонанд ба ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ворид шаванд. Ба гуфтаи ӯ, таҳрики миқёсан густурда ба нақша гирифта шуда истодааст, ки метавонад сабаби интиқоли шумораи зиёди гурезагон ба Россия гардад. Дар минтақа «макони даргириҳо»-и нав таҳия шуда истодааст.

Дар Думаи давлатӣ ин маълумотро шарҳ дода, ҳамроҳ бо гурезаҳо ворид шудани ҷангиёнро ба қаламрави Россия аз эҳтимол дур надонистанд.

Дар ин росто, 29 январ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар бораи ҳузури ҷангиён дар сарҳади кишвар иттилое надоранд. Мақомоти корҳои хориҷии Тоҷикистон чунин изҳоротро бармаҳал мешуморанд. Бино ба маълумоти вазорат, имрӯзҳо «вазъ дар минтақаҳои шимоли Афғонистон, ки бо кишварҳои Осиё Марказӣ бевосита ҳамсарҳад мебошанд, шиддатнок аст, вале бо ин ҳама пурра зери назорати хадамоти сарҳадии Тоҷикистон қарор дорад».

Котиби матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев низ чунин мавқеъгирӣ намуд. «Дар сурати таҳрик ва муташанниҷ шудани вазъият бояд дар ёд дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви чунин созмонҳо, ба мисли СААД, СҲШ буда, тамоми масоил пешакӣ матраҳ шудаанд».

_____________________________________________

*Мамнӯъ дар Тоҷикистон, Россия ва дигар кишварҳо
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: