Суботи сиёсӣ ва оромии кишвар манбаи асосии ободкориву созандагиҳост23-01-2019, 11:53
Хабарро хонданд: 566 нафар
Назарҳо: 0
Мо мардуми Тоҷикистон ҳамавақт сиёсати сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ намуда, барои пойдории он саъю талош мекунем. Аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироанамудаи Пешвои миллат ин нуктаҳо барҷаста инъикос ёфтаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсозии Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шуроӣ амният ва Маҷлиси умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд». Дар бадали 28 - соли соҳибистиқлолият гардидани Ватани маҳбубамон, мардуми тоҷик ба хубӣ эҳсос намуд, ки роҳи интихобкардаи халқамон, ки сулҳу амният, ободкорӣ, ваҳдату якдигарфаҳмии тамоми сокинони Тоҷикистон аст, роҳи аз санҷиш гузашта ва ояндасозӣ миллат мебошад. Сияҳкорону ифротгароён, ки аз хориҷи кишвар истода, рушду нуму ва пешрафти Ватанамонро дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, амну амниятро нодида мегиранд, дар ҳаққи мо туҳматҳои бедалелро бор мекунанд ва ба иштибоҳи бузург роҳ медиҳанд. Халқи тоҷик дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бо шӯру валвалаи як зумра исломгароёни мансабхоҳ ба гирдоби ҷангӣ шаҳрвандӣ дохил шуд, ки асоси ин нобасомониҳо саркардагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъгардидаи назҳати исломӣ буд. Мардум ба ғарибию бенавоӣ ва фақирию беватанӣ мубтало гардида, азобу машаққат мекашиданд. Садҳо маротиба аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, ки тамоми гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, сулҳу салоҳро таъмин кард, шукргузорӣ мекунанд. Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дасисабозии гумроҳшудагони назҳатӣ бовар надоранд ва имрӯзҳо дар пайи ободӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти кишвар азму талошҳои зиёди ободкорӣ доранд. Халқи мо ҳамавақт тарафдори тинҷию оромӣ мебошанд. Чунки сулҳ маҳаки асосии бунёдкориҳои азим маҳсуб меёбад. Сатторова Мунаввара- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.