Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ангезаҳои ихтилофоти номатлуб

Ангезаҳои ихтилофоти номатлуб

9-01-2019, 08:20
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
Ангезаҳои  ихтилофоти номатлуб

Русофобия

Ҳангоме, ки Инқилоби Октябр соли 1917 бо сарварии В.И. Ленин дар Русия ғалаба кард, шӯроҳо дар назди худ мақсад гузоштанд, ки режими советиро дар иттиҳоди 15 ҷумҳурӣ соли 1922 барпо намоянд ва ин занҷира кариб 70 сол ба ҳам пайвандгарӣ дошт. Ба назар чунин мерасид, ки миллату халқиятҳои гуногун дар Иттиҳоди Шӯравӣ байни ҳамдигар аҳлона зиндагӣ мекунанд.
Дар он давра яке аз шохаҳои тарғиботӣ шиору овезаҳое буданд, ки бо мазмуну мундариҷаи худ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб мекарданд. Ин шиору овезаҳо, мардумро гӯё ба «ояндаи нек» раҳнамун месохтанд. Шиорҳои «Ба пеш, ба сӯи коммунизм!», «Шаъну шараф ба партияи коммунистӣ!», «Сулҳ ва дӯстӣ», «Мо коммунизм месозем!» ва ғайраҳо буданд.
Яке аз маъмултарин шиорҳои даврони Шӯравӣ «Зинда бод, дӯстии халқҳо!» буд, ки дар пешгаҳи бисёр корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва сохтмонҳои азим овехта мешуд. Аммо вақту замон исбот намуд, ки ин шиор забонӣ буда, амалӣ шудани он имконнопазир аст. Ҷангҳои Қарабоғ, Чеченистон, Гурҷистон ва боз чандин моҷароҳои дигар, ки дар байни мардуми давлатҳои пасошӯравӣ сар зад, исботи гуфтаҳои боло ҳастанд.
Муносибат, кӯтоҳназарӣ, миллатчигӣ, мазҳаб ва дар ҳолати карахти зистани мардум мафҳумеро бо унвони «русофобия» тавлид кард. Русофобия аз калимаи русӣ ва юнонӣ гирифта шуда, маънои рус ва (φόβος)- тарсро дорад.
Русофобияи Шӯравӣ, яъне бад дидани миллати рус аз ҷониби дигар халқияту миллатҳо решаҳои таърихӣ дорад ва матраҳи он мақолаи алоҳидаро тақозо мекунад. Дар маҷмуъ, ин мафҳум дар аввали асри 16 аз ҷониби шоири рус Фёдор Тютчев пайдо шудааст. Ӯ русофобияро ба панслави́зм (дӯст доштани қавми худ) шабоҳат медод.
Дар ҳамон давра ба муқобили ҳукумати Русия ходимони давлатии Литва, Полша, роҳибони дини католикӣ, таърихшиносон ва сиёсатмадорони мамлакатҳои Ғарб тарғиботи сахт мебурданд ва нигоҳи ихтилофангез доштанд. Мутаассифона, вақт нишон дод, ки русофобия дар байни мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низ хеле зиёд дар паси парда будааст.

Якдигарбадбинӣ

Ин ихтилофот дар Украина ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ сарчашма гирифта буд ва бахусус мардуми қисмати ғарбии ин сарзамин («бендерҳо») ба давлати ҳамондавраи Шӯравӣ, ки маркази он Русия буд, нигоҳи ниҳоят муғризона доштанд. Ёд дорам, чанд нафар шиносҳоям хизмати ҳарбиро дар даврони шӯравӣ дар шаҳри Лвов ба ҷо оварданд ва аз муносибати бади мардуми таҳчоӣ нисбат ба русҳо нақл мекарданд.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфт ва тамоми «ҷуҳуриҳои бародар» истиқлолият ба даст оварданд. Минҷумла Украина низ яке аз давлатҳое буд, ки бо Русия иттиҳоди дӯстӣ барпо кард. Касе гумон намекард, ки замоне мерасад байни ин ду давлат ихтилофоти азими душманона бармехезад ва он хеле дароз идома меёбад.
Дар асл ин ду миллат шохаҳои як дарахтанд ва хуни славянӣ дошта, дину мазҳаби ягона доранд, забону расму русумашон ба ҳам монанд аст, вале имрӯз Украина аз Русия дар сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, дин ва забон рӯй гардонидааст.
Мо ҳамагон нағз медонем, ки муносибати русҳову украинҳо (ба ҷуз дар ғарби Украина) дар ҳама давру замон некбинона ва дӯстона буд. То имрӯз дар садҳо деҳаҳову шаҳракҳои Украина ва Русия ҳамвора бо забонҳои русӣ ва украинӣ гап мезананд. Ҳатто дар қисме аз деҳаҳои украинӣ барқ ва газро дар марказҳои қабули партохти маблағҳои Русия месупоранд.


Таҳрику моҷароҳо

Мувофиқи қарори раҳбари ҳамондавраи Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушёв соли 1954 нимҷазираи Қрим, ки бо Русияро итоат мекард, ба хотири ҳамгироии иқтисодии Шӯравӣ ба ихтиёри Украина гузаронида шуд. Соли 2014-ум баъди аз сари нав дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ, ки дар он 95 фоиз мардум ба тарафдори ҳамроҳ шудани Қрим ба Русия овоз доданд, ин нимҷазира ба Русия ҳамроҳ шуд. Ҳамаи ин дар ниҳоди як қисми мардуми Украина, бахусус бендерҳо норизогӣ ба амал овард. Баъди ба сари қудрат омадани гурӯҳи неофашистҳо, радикалҳои бендер, нотавонбинӣ нисбат ба Русия боз ҳам зиёдтар шуда, ба авҷи аълояш расид. Президенти ҳамон давраи Украина Пётр Порошенко бо ин гурӯҳҳо забон ёфта, муносибаташро бо Русия рӯз то рӯз бадтару харобтар кард.
Инак, таи чор сол боз байни ин ду давлат таҳрику моҷароҳҳои зиёде рӯй дода истодаанд, ки мазмуни ғаразноку бадандешона доранд. Украина бо сарварии Пётр Порошенко сиёсати душманонаеро нисбат ба Русия пеш бурда истодааст. Албатта, айни замон ҳастанд ангезаҳои номатлубе, ки аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсашиносони Русия нисбат ба вазъи Украина ва ҳолати имрӯзаи он дар расонаҳои иттилоотии Русия ба маърази мардум пешниҳод мешаванд. Ин ҷо гуфтан ба маврид аст, ки иштибоҳоти зиёде аз ҷониби онҳо низ ба назар мерасад.

Интихоботи президентӣ

Президенти Украина айни замон як андоза манзалати худро байни мардумаш ва давлатҳои атроф гум кардааст. Ӯ айни ҳол дар саманде нишастааст, ки лаҷом надорад ва он ба ҳар самте хоҳад, рафтан мегирад. Ана маҳз ҳамин мазмуни рамзӣ айни ҳол дар Украина ҳукмфармоӣ дорад. Вақт исбот намудааст, ки андешаи муғризона одамиро ба қуллаи мақсуд бурда намерасонад.
Пётр Порошенко имрӯз аз шартномаи Минск рӯ гардонида ва баъди ҳодисоти Керч дар як қисми шаҳрҳои Украина ҳолати ҳарбӣ эълон намудааст. Ҳамаи ин дар ҳоле рӯй дода истодааст, моҳи марти ҳамин сол Порошенко номзадияшро ба президентӣ гузоштанӣ аст. Аммо обрӯи ӯ байни мардум таназзул ёфта, айни ҳол ниҳоят хароб аст.
Мувофиқи иттилои нашрияи «Синай» (Миср) палатаи депутатҳои Украина ба тарафдории дар санаи 31-уми марти соли 2019 гузаронидани интихоботи президентӣ 298 нафар овоз доданд, аммо ҳайратовар он аст , ки Порошенко пеш аз интихоботи президентӣ ҳолати ҳарбӣ эълон кардааст. Ин ҳолат метавонад ба роҳбари имрӯзаи Украина ҳуқуқи гузаронидан ё ба таваққуф гузоштани интихоботро диҳад. Чунин сурат гирифтани кор метавонад ба манфиати президент Пётр Порошенко шавад, дар ҳоле агар ӯ эҳсос кунад, ки овоздиҳӣ ба манфиаташ нест.

Омилҳои сиёсӣ

Ба назар чунин мерасад, ки имрӯз президенти Украина мехоҳад якчанд омилҳои сиёсиро дар мамлакаташ ҷорӣ намояд ва онҳоро мо метавонем ба чунин қисматҳо ҷудо намоем:
-режими имрӯзаи Украина бо сарварии президент бештар ба мамлакатҳои Ғарб такя мекунад;
-дар ниҳоди мардум ихтилофот нисбат ба Русия парварда шуда истодааст;
-ҳукумати имрӯзаи Украина мехоҳад, ки бозпас Қримро ба Украина баргардонад;
Дар бисёр мавридҳо мо аз расонаҳои иттилоотӣ, радио ва телевизион, огоҳ мешавем ки роҳбарияти имрӯзаи Украина бештар ба мамлакатҳои Ғарб такя мекунад. Аммо ба назар чунин мерасад, ки Ғарб аз моҷарои ин давлат монда шудааст ва назараш нисбат ба Пётр Порошенко дигар шуда истодааст. Аммо дар Саммити Буэнос-Айрес, ки 30 –юми ноябри соли 2018 баргузор гардид, президенти Амрико Доналд Трамп ба тарафдории роҳбарияти имрӯзаи Украина баромад карда, аз вохӯрӣ бо президенти Русия даст кашид.
Ихтилофот дар қалби мардуми Украина нисбат ба Русия ба хатои маҳз ва лоҷавоб аст. Ҳам халқи Ураина ва ҳам мардуми Русия тӯли қарнҳобо ҳам якҷоя зиндагӣ карданд, расму русум, дину мазҳаби якхела доранд. Ҳатто забонашон як реша дорад ва ба ҳамдигар хеле монанд аст. Пас чӣ гуна метавон ин ду мардумро аз ҳам ҷудо кард?
Дар атрофи мавзӯи Крим бошад, ҳаминро бояд иброз дорем, ки ин нимҷазира солҳои сол дар ихтиёри Русия буд ва қисми бештари аҳолӣ русзабонҳо мебошанд. Пас дар ин маврид ҳам андешаи гумоштагони украинӣ хатои маҳз аст.

Хотима

Дар охир ҳаминро бояд гуфт, ки мо имрӯз интизори интихоботи президентии Украина ҳастем, ки моҳи марти ҳамин сол баргузор мегардад. Рақиби Порошенко хонум Тимошенко аст, ки тарафдори мустаҳкам гардидани муносибатҳо байни Украина ва Русия аст. Украиниҳо Пётр Порошенкоро «шоҳи шоколад» ва хонум Тимошенкоро «маликаи газ» меноманд. Сиёсатмадорону сиёсашиносон мунтазири онанд, ки кадоме аз ин «шоҳон» дар интихоботи имсолаи Украина ғалаба мекунанд. Вале русофобия дар ин мамлакат идома дорад ва чӣ ояндае дорад, касе намедонад.

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: