
Панҷуми январи соли 2019 намояндагони ҲХДТ бо сафари дӯстона ба пойтахти Ҷумҳурии Тотористон ташриф оварданд. Зимни сафар онҳо аз Хонаи дӯстии халқҳои Тотористон дидан намуданд.
Ҳайати намояндагии ҲХДТ таҳти роҳбари раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло бо мақсади вохӯрӣ намудан бо тоҷикони маскуни Тотористон, муҳоҷирон ва донишҷӯён ба ин ҷо ташриф оварданд.
Мақсади дигари сафари ҳайати намояндагии ҲХДТ ба ин сарзамин воқиф гаштан ва баррасӣ намудани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён,вохӯрӣ бо тоҷикони муқими Тотористон ва боздид аз маркази Миллӣ-мадании тоҷикон -«Сомониён» дар шаҳри Қазон, инчунин бархурдор шудан ва омӯхтани таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои ҳамдигарии миллату халқиятҳои гуногуне, ки дар Тотористон зиндагӣ мекунанд, буд.
Ҳайати намояндагии Тоҷикистонро дар Хонаи Дӯстии Халқҳо раиси РОО «НКА таджиков РТ «Сомониён» Ҳикматулло Гадоев ва муовини директори Хонаи дӯсти халқҳо Глюс Гаянов пешвоз гирифтанд.
Сараввал меҳмонони тоҷикистониро гушаҳои мухталифи Хонаи дӯстии халқҳо ошно намуданд ва сипас дар толори консертӣ вохӯрии ҳайати намояндагони Тоҷикстон бо муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва тоҷикони маскуни шаҳри Қазон баргузор гардид.