Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар астО

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар астО

7-01-2019, 08:33
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар астО
Январь 7, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 07.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 25-30 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ва рӯзона -1+4 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо ҳарорат шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш мешавад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: