Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар14-12-2018, 13:42
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -5-10 дараҷа сард, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -24-29 ва рӯзона -9-14 дараҷа сард мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 1+4 ва рӯзона ба 13+18 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 0+2 ва рӯзона +15+17 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.