Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АНДЕШАҲОИ БАЪДИПАЁМӢ Ё ПАЁМ – ЧАШМАИ ИЛҲОМ

АНДЕШАҲОИ БАЪДИПАЁМӢ Ё ПАЁМ – ЧАШМАИ ИЛҲОМ

2-01-2019, 10:14
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
АНДЕШАҲОИ БАЪДИПАЁМӢ Ё ПАЁМ – ЧАШМАИ ИЛҲОМ
Паёми Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ бо диққати том гӯш кардам. Махсусан, он таъкидҳое, ки нисбати Ватану ватандорӣ иброз доштанд, ба рӯҳу ҷонам мувофиқтар афтоданд. Ин буд, ки ба андеша водорам намуданду аз худ пурсидам:

ДАР НАЗДИ ВАТАН КИСТАМ?
Дар мағзам ҷавоб омад: «Як қатраам. Ватан дарё аст. Чун бо Ватанам, ман ҳам дарёам. Ҷорӣ мешаваму ҷорӣ мешавам. Марзҳою кишварҳоро убур мекунам. Лабташнагонро об медиҳам. Дашту биёбонҳоро обшор мегардонам, заминҳоро киштбоб месозам, миллионҳо одамонро соҳибрӯзӣ менамоям… Лек агар бо дарё наям, ҳамон як қатраям ва ногузир хушк мешавам».
Адибе шояд аз қадимиён, ё баръакс, аз муосир бо ман ҳамақида аст:
Қатра бо дарё – дарёст,
В-арна қатра қатраву, дарё дарёст.
Яъне, ки дар ин ақида ман танҳо нестам. Бисёр одамони солим худро бо Ватан дарё, ҳатто баҳр ва уқёнус медонанд. Аммо бе Ватан як қатра – як қатраи ногузир хушкшаванда. Ин ҳикмат шоистаи андеша аст…

«ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР МАН НАКУНАМ КӢ МЕКУНАД?»
Сукутамро Радиои фарҳанг гусаст:
Ман бароят эй Ватан аз ду ҷаҳон мегузарам,
Чун ту дар ҷони манӣ, аз сару ҷон мегузарам.
Ин мисраъҳоро шунидаму аз худ пурсидам: «Оё ман метавонам барои Ватан аз ду ҷаҳон ва аз сару ҷон гузарам?» Ҳамон лаҳза хаёлам ба он печид, ки ба мо аз хурдӣ шеъри Ғаффор Мирзоро чун шиори рӯзмарраи зиндагиамон омӯзонида буданд:
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?
Тан ба раҳи Ватан фигор ман накунам, ки мекунад?
Яъне, мо ҳар лаҳзаю ҳар замон омодаи хизмати Ватан будем ва агар лозим меомад, бе ягон дудилагӣ ҷону танамонро барои Ватан мебахшидем.
«Дар синни ҳафтод чӣ?» - боз пурсидам аз худ. Суруде, ки Абдулло Назриев масароид, чун ҷавоб аз лавҳи хотирам гузашт:
То лаб тару хун дар рагу гармист баданро,
То бас накунад дил ҳаракат, мижа заданро,
То қувва ба бозуст хаму рост шуданро.
Аз даст надиҳам домани мақсуди Ватанро.
Ин аст ба Модар – ба Ватан рози дили ман,
Бигзор ҷаҳон бишнавад, овози дили ман!

МАН БЕ ВАТАН НАМЕТАВОНАМ
Хеле андешидаму дарёфтам: Ватан бе ману бе ман барин ҳазорони дигар буда метавонад. Аммо ман бе Ватан буда наметавонам. Сафарҳои бисёрам ёд омаданд. Дар ҳар кишваре, ки будам, - хоҳ дур хоҳ наздик, зуд Тоҷикистонро ёд мекардам ва ҳар лаҳза дилам кашоли Тоҷикистон мешуд. Мисле, ки ошиқ бошам. Бале, ман ошиқ будам ва ошиқ ҳастам, - ба Ватанам, ба Тоҷикистонам, ба дилу ҷонам!
Дар хаёл чанд ҷавоне пеши назарам ҳувайдо шуд. Ба онҳо гуфтам:
- Шумо низ ошиқ шавед, - гар ватандоред. Зеро ватандорӣ беошиқӣ намешавад. Чунки он ҳам эҳсос аст, эҳсосе, ки аз мағзи дил мерӯяд. Ватандорӣ дард аст – дарди ширину гуворо. Ҳар каси ба он гирифтор хушбахт аст, хушбахтарини хушбахтҳо. Шумо низ хушбахт бошед!

МИЛЛАТИ НАЗАРКАРДАИ ХУДОВАНД
Шахси солмандро андешаҳояш ба ҳар сӯ мераванд. Ман ҳам аз ҳамин қабилам. Бисёр мешавад, ки зимни фикрронӣ сипосгузор мешавам Худойро. Барои он, ки як сарзамини биҳиштосо, ҳамешабаҳор, дорои кӯҳу водиҳои сабзу хуррам, кӯлу дарёҳои обашон зулолу нуқрафом, водиҳои зархез ва осмони софу пурситораро насибамон кардааст. Шукрона мекунам, ки Худованд дар охири асри ХХ, – замоне, ки барои мо тоҷикон бас фоҷиабор буд, Эмомалӣ Раҳмони ҷасуру ташаббуспеша, адолатпарвару одилро сарвару роҳбарамон гардонд ва тавассути ӯ миллату давлатамонро аз вайрону валангоршавӣ, ҳатто аз несту нобудшавӣ нигоҳ дошт. Акнун, шукр, ин Ватан ободу шукуфо аст. Дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст ва миёни давлатҳои дигар қадру эътибор дорад. Байни 10 кишвари амнтарини сайёра дар зинаи 7-ум аст. Пас бешак мо миллати назаркардаи Худовандем. Месазад, ки хурду бузург, пиру барно ба қадри ин назаркардагӣ бирасем?

ХАВОТИРӢ
Боре хавотирӣ кашидам. Ин ободӣ, ин тинҷию осоиш, ин сулҳу салоҳ, душмане надошта бошад? Ақлам ҷавоб дод:
Ғалат аст, бисёр ғалат аст, агар касе гумон кунад, ки тинҷию осудагӣ ва ободию шукуфоии кишвари мо душман надорад. Албатта дорад ва кам не. Ободию осудагии мо барои бисёр касон, барои хеле гурӯҳу созмонҳо ва ҳатто давлатҳо чун захми хор аст ба чашмонашон, чун нӯги ханҷар аст ба қалбҳояшон. Ин замон як нигоштаи Камол Насрулло ёдам омад:
Ҳама тайёр ба ҷо бояд буд,
Ҳама ҳушёр ба по бояд буд,
Ханҷари ҷанг ба дастест ҳанӯз,
Сипари сулҳу сафо бояд буд,
Хоб не, хобнамо бояд буд!
Партави ақли расо бояд буд!
Ҳама тайёр ба ҷо бояд буд!
Бале!
Хоб не, хобнамо бояд буд!
Ҳама ҳушёр ба по бояд буд,
а тайёр ба ҷо бояд буд!


Ҳасан Юсуфи Файзбахш
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: