“Наш Фариддунчик”19-12-2018, 08:55
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
Фарид Мадолимов, соҳиби мағозаи хӯрокворӣ дар ноҳияи Индустриалии шаҳри Барнаул ҳар рӯзи ҷумъа ба солхӯрдаҳои шаҳр нони бепул пешниҳод мекунад. Гуруҳи нафақахӯрони Барнаул дар посух ба ин иқдоми хайри соҳибкори тоҷикистонӣ, бо як номаи дастаҷамъӣ тариқи нашрияи “Алтайская правда” ба Фарид Мадолимов миннатдорӣ кардаанд. Дар пайи дарёфти нома, рӯзноманигорон қазияро пайгирӣ карда, аз қавли афроди солхӯрдаи шаҳр зери унвони “Наш Фариддунчик” дар бораи Мадолимов матлаб нашр намудаанд. Фариддин, ё худ Фарид Мадолимови 30-сола, ки аз Суғд ба Барнаул муҳоҷир шудааст, ин иқдоми хайрашро анъанаи миллии ғамхорӣ дар ҳаққи солхӯрдаҳо унвон кардааст. Фарид бо ҳамсараш Фариза дар Барнаул иқомат дошта, ду фарзанди хурдсолро тарбия мекунанд. Варвара Беседина, як сокини солхӯрдаи маҳаллӣ Фаридро намунаи ибрат барои ҷавонони дигар хонда, таъкид намудааст, ки чунин таваҷҷуҳ ба солхӯрдаҳо қобили таҳсин аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.