Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сардухтури таваллудхонаеро дар Русия дар марги тифли навзоди шаҳрванди Ӯзбекистон айбдор мекунанд

Сардухтури таваллудхонаеро дар Русия дар марги тифли навзоди шаҳрванди Ӯзбекистон айбдор мекунанд

26-11-2018, 09:11
Хабарро хонданд: 424 нафар
Назарҳо: 0
Сардухтури таваллудхонаеро дар Русия дар марги тифли навзоди шаҳрванди Ӯзбекистон айбдор мекунанд

Додгоҳи шаҳри Калинингради Русия Елена Белая, сардухтури таваллудхонаро ба ҳабси хонагӣ фиристод. Вай дар марги тифли навзоди шаҳрванди Ӯзбекистон айбдор мешавад.

Гуфта мешавад, 5 ноябри соли ҷорӣ шаҳрванди Ӯзбекистон дар ҳолати вазнини ҳомиладорӣ ба таваллудхона интиқол ёфт. Тифли навзоди вай ба сахтӣ нафас мекашид. Тафтишот мегӯяд, дар сурати сари вақт табобати дуруст шудан, мумкин буд, навзод зинда монад.
Ба иттилои тафтишот, Елена Белая дастур додааст, ки ба навзод доруи "Куросурф" надиҳанд, ки як донаи он 20 ҳазор рубли русӣ - муодили тақрибан 2800 сомонӣ - арзиш дорад. Мақомоти тафтишотии вилояти Калинингради Русия мегӯянд, "сардухтур ба табибон дастур додааст, ки барои зинда намондани тифл тамоми чораҳоро андешанд".
Ҳангоми тафтишот Елена Белая гуфт, "доруи "Куросурф" арзиши гарон дорад". Яке аз кормандони таваллудхона мегӯяд, сарфи назар аз дастури сардухтур, вай ба тифли навзод доруи "Куросурф" додааст, аммо дору натавонист, тифлро наҷот диҳад. Баъдтар Белая ба зердастонаш дастур дод, дар ҳуҷҷатҳо нависанд, ки тифл мурда ба дунё омада буд.
Зидди сардухтури ҳамакнун пешини таваллудхона бо моддаи "Берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хизматӣ" парванда бозшудааст. То анҷоми тафтишот Елена Белая ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: