Ҷоизаи байналмилалӣ ба се ҳомии ҳуқуқ аз Ӯзбекистон5-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
Анҷумани байналмилалии Ҳуқуқи меҳнаткашон (ILRF) ба се ҳомии ҳуқуқ аз Ӯзбекистон - Дмитрий Тихонов, Елена Урлаева ва Уктам Пардаев ҷоиза дод.
Ҷоизаи байналмилалии Ҳомии Ҳуқуқи Меҳнаткашон бо нишони эътирофи "фаъолияти пураҳамияти фаъолони ӯзбек, пешоҳангии онҳо, ҷасорат ва сарсупурдагии эшон барои пешгирӣ аз меҳнати маҷбурӣ дар саҳроҳои пахтаи Ӯзбекистон" эъто мешавад. Ҳар се ҳомии ҳуқуқ ба мониторинги вазъи истифодаи меҳнати кӯдак дар Ӯзбекистон машғул буданд. Дар пайи афзудани таъқибҳо рӯзноманигори мустақил ва ҳомии ҳуқуқи 42-сола Дмитрий Тихонов маҷбур шуд Ӯзбекистонро такр кунад. Уктам Пардаев ва Елена Урлаева аз ҷумлаи ҳомиёни ҳуқуқе ҳастанд, ки дар дохили кишвар боқӣ монда, бо дар хатар гузоштани зиндагиашон, поймолшавии ҳуқуқи инсонро таҳқиқ мекунанд. Маросими ҷоизасупорӣ моҳи майи соли 2016 дар Вашингтони ИМА баргузор мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.