Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВАТАНРО ДӮСТ ДОРУ БИНВОЗ

ВАТАНРО ДӮСТ ДОРУ БИНВОЗ

26-11-2018, 08:32
Хабарро хонданд: 577 нафар
Назарҳо: 0
ВАТАНРО ДӮСТ ДОРУ БИНВОЗ
Дар давоми таҷлили Рӯзи парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии ба номи Бобоҷон Ғафуров, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Қаюмзода Қосимҷон аз растаҳои ҳунарии ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди маҳалла дидан намуда, ба ҳунару эъҷози донишҷӯёну сокинони маҳалла баҳои баланд доданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинии расмӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Қаюмзода Қосимҷон номаи муборакбодии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро бар самъи сокинони маҳалла расонид.
Ҷамшед Ҷӯразода иқдоми роҳандозишударо қадами қатъӣ дар роҳи худшиносии миллӣ дониста, баргузории чорабиниро дар остонаи таҷлили Рӯзи парчами миллӣ фоли нек арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки тоҷикон аз азал бо ҳунару ҳунармандии худ ном бароварда, барандагони фарҳанги хоси худ буданд. Парчам ва парчамдорӣ бошад дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ ба ҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поёнии давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт. Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши бориз дорад. Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистон соҳибистиқлол паём мерасонад». Аз ин рӯ, бояд ҳамеша саъю талош варзем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Маликисломӣ Наим Мунаввар дар баромадаш қайд намуд, ки фаъолони ҳизб хуб дар хотир доранд, ки соли гузашта маҳз дар рӯзи таҷлили Парчами миллии кишвар дар маҳаллаи Масҷиди Саври шаҳри Хуҷанд чорабинии идона таҳти унвони “Иди кӯча” бо иштироки 500 нафар сокинон гузаронида будем, ки таассуроту руҳияи идонаи он чорабинӣ то ҳол аз ёди сокинони оддӣ набаромадааст. Ҳизбиёни шаҳр дар фаъолияти меҳварии худ маҳз бо халқ будану шодишарики онҳо гардиданро шиори худ медонем. Гузашта аз ин кумиҷроия хуб дарк мекунад, ки ифтихори миллии шаҳрвандон дар қиёс ба даҳсолаҳои пешин хеле боло рафтааст. Иқдоме, ки имрӯз кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии ба номи Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ кардааст, шоистаи дастгирист. Таманно дорам, ки ҳар шаҳрванди шарифи Тоҷикистон нисбат ба муқаддасоти миллӣ, эҳтиром дошта бошаду ҳар нафари худогоҳу ватандӯст зери Парчами давлатӣ муттаҳид гарданд.
Ба ғолибони озмуни ҳунарҳои мардумӣ дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби кумиҷроияи ибтилоии ҳизб супорида шуд.
Композитсияи адабиву мусиқӣ чорабиниро боз ҳам шукуҳманд намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: