Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАДБИРИ СОЗАНДА

ТАДБИРИ СОЗАНДА

22-11-2017, 07:43
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
ТАДБИРИ СОЗАНДА


Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки санаи 23 ноябр дар кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр, кӯчаи А.Султонов назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Хуҷанд, иди кӯча баргузор намояд. Ба ин хотир субҳи имрӯз дар кумиҷроияи шаҳрӣ бо иштироки фаъолони ҳизб, роҳбарони маҳалла, мактаб, кормандони шуъбаи фарҳанг ва дигар мақомотҳо маҷлиси тадорукотӣ баргузор гардид.
Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар роҳандозии чорабинии мазкурро барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, эҳтиром ба парчами миллӣ нек арзёбӣ намуд. Дар назар аст, ки дар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ озмунҳои гуногун аз қабили кӯчаи беҳтарин, кадбонӯи беҳтарин, хушдомани беҳтарин ва мусобиқаи шоҳмот баргузор мегардад. Раиси кумиҷроия барои хушу хотирмон гузаронидани маъракаи сиёсӣ ба аҳли нишаст дастурҳо дод.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: