Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Минбари халқ»

«Минбари халқ»

21-11-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 2216 нафар
Назарҳо: 0
«Минбари халқ»

Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва ғанӣ гардонидани маънавиёти инсон буду ҳаст. Хосатан агар масъулони васоити ахбори омма воқеаву ҳодисаҳоро мӯшикофона ва воқеъбинона таҳлилу баррасӣ намуда, мавқеи худро дар ҳама ҳолат нишон дода тавонанд, аз маҳбубтарин расонаҳои хабарӣ дониста мешаванд. Арзи ҳастӣ намудани нашрияи дилогоҳи ҳизбиёни кишвар бо номи «Минбари халқ» натанҳо афкору ақидаи ҳизбиёнро, балки ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозад. Мо ҳамарӯза аз саҳифаҳои он хабару гузоришҳо, таҳлилу мусоҳибаҳои саривақтиро мутоила намуда, ҷаҳони маънавии худро бойтар месозем. Тибқи мушоҳидаҳо дастандаркорони нашрия мекӯшанд аз шумора ба шумораи дигар онро пурмӯҳтавою ҷолиб таҳия кунанд. Махсусан вокунишҳо ба ин ё он маводҳо, андешаҳои коршиносони сиёсӣ, таҳлилу баррасии ин ё он воқеа хеле моҳирона рӯи саҳифаҳои газета дарҷ мегарданд.
Нашрия дар ваҳдату худшиносии миллӣ, шинохти аслии чеҳраҳои тобноки бузурги миллат хидмати шоиста карда, аз фаъолияти густурдаи давлат ва ҳукумати кишвар дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумотҳои бештар медиҳад. Ҳамзамон нашрия минбари розу ниёзи ҳизбиён буда, дар ҳар шумора аз ҳаёти ҳизбии кишвар маълумоти аниқу дақиқ медиҳад.
Бо гумони ғолиб нашрия аз маҳбубтарин расонаҳои хабарии кишвар маҳсуб шуда, алҳол сафи муштариёнаш наздики 62 ҳазор нафарро дар бар мегирад.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ, «Минбари халқ» ифодакунандаи сиёсати ҳизб оид ба тарғиби сулҳу ваҳдат гардида, барои тарбияи наслҳои нав дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, густариши фарҳанги сулҳ чун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум хидмат намуд.
Нашрия инъикосгари фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, масоили ҷавонон буда, оид ба шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти онҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, тарбияи ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонун дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат саҳми арзанда дорад.
Вазифаи меҳварӣ ва асосии давлату ҳукумати Тоҷикистонва ҳамзамон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» чун нуқтаи пайванд ва ҳалқаи баҳамоварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ, чун василаи муассиртарини ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли мо мебошад.
Мусаллам аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯбарӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ мо ҷонибдории гуфтугӯи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Ғарбу Шарқ ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати мо мебошем. Вале ҷаҳон бо хатарҳои гуногуни ҳалокатовар ва заволкунандаи давлату халқҳо рӯбарӯ меистад, ки экстремизми сиёсӣ, терроризм, фишор ва дахолати рӯирост ба тақдиру сарнавишти халқҳои дигар аз ҷумла онҳост. Бинобар ин, дар марҳилаи навбатӣ дар назди нашрияи «Минбари халқ» вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятшиносона меистад.
Ҳадафи якум ва муҳимтарини нашрия ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ мебошад.
Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯбарӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи ҳамдигарро шинохтани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф нестем.
Ҳадафи ҳафтум арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикист.
Зеро забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо - тоҷикон аст.
Саҳифаҳои нашрия фарогири мавзӯъҳои он буда, барои баррасии масъалаҳои гуногун хидмат мекунанд. Аз нахустин шуморахои нашрия саҳифаҳои «Мавзӯи рӯз», «Нигоҳи дигар», «Нигоҳ аз ошёнаи 9-ум», «Номҳои фаромӯшшуда», «Номаи бетаҳрир» ва ғайра писанди хонандагон шуданд.
Имрӯз «Минбари халқ» серхонандатарин нашрия буда, бо теъдоди қариб 62 ҳазор нусха чоп мешавад.
Сарварии нашрияро адибон ва рӯзноманигорони шинохта Бахтиёр Муртазоев, Маҳмадшариф Бобошоев, Мансур Суруш, Маҳмадкарим Давлатов ба уҳда доштанд. Ҳоло сардабири сернуфузтарин нашрияи ҷумхурӣ «Минбари халқ» рӯзноманигори маъруф, номзади илми филолгия Бахтиёр Ҳамдамов мебошад.
Яке аз вазифаҳои муҳими нашрия– сари вақт иттилоъ расондан аз фаъолияти рӯзмарраи ҳизб ва раёсати он буд. Мусаллам аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ бо раъйи аксарияти сокинони ҷумҳурӣ пирӯз гаштааст ва аъзои он дар бисёр сохторҳои калидии давлат ва иҷрои муҳимтарин барномаҳои рушди кишвар мавқеи асосиро ишғол менамоянд.
Теъдоди нашрияи Минбари халқ пайваста афзоиш мекунад ва дар як муддати кӯтоҳ ба 62 ҳазор нусха расид, ки дар ҷумҳурии мо ягон нашрия ба он баробар шуда наметавонад. Аз ин маълум мегардад, ки масъулин ва кормандони газета аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ бо сарбаландӣ мебароянд.
Сардабири «Минбари халқ» - номзади илми филология, муҳаққиқи адабиёти классикии тоҷик Бахтиёр Ҳамдамов пайваста барои васеъ ва рангин намудани доираи мавзӯъ ва мундариҷаи нашрия иқдоми ҳадафмандона мегузорад.
Гуногунрангии маводи нашрия, забони ноби тоҷикӣ, саҳифаҳои хеле муҳими «Ҳаёти ҳизбӣ», «Номаҳои бетаҳрир» хабарҳои варзишӣ ва ғайра маҳсули заҳмати муҳаррири масъули нашрия, рӯзноманигори шинохта, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва чандин озмунҳои рӯзноманигорон Алиҷон Ҷӯраев мебошад. Инчунин, ӯ робитаи доимии нашрияро бо шӯъбаҳои ҳизб дар вилояту навоҳии гуногун броҳандозӣ мекунад.
Баррасии мавзӯъҳои умдаи илму фарҳанг, маориф ва тиб, саҳфаҳои рангини таърихи ниёгон, масъалаҳои умдаи фарҳанг ва мушкилоти ҷаҳони муосир доираи ташкил медиҳад.
Дар саҳифаҳои нашрия баробари маводҳои фарогири фаъолияти ҳукумат ва Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон пайваста мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ аз сохторҳои гуногуни давлат ва ҳатто баъзе созмонҳои ҳизбӣ ба назар мерасад. Ҳукумат барои болоравии иқтисоду фарҳанги саросари мамлакат талошҳо зиёде мекунад. Вале бисёр мушкилоте, ки солҳои сол ҷамъ шудаанд, ба зудӣ ҳаллу фасли худро намеёбанд. Бинобар ин, наши барои кушодани моҳияти ушкилот пайваста маводи таҳлилӣ ба табъ мерасонад.
Дар охир ҳаминро бояд иброз дорем, ки ҳафтавори « Минбари халқ» барои мардум дар ҳақиқат ифшогари розу ниёз инъикосгари роҳи хуб барои фардои нек буда, барои пешрафти ҷомеаи навини мо ҳамчун дастгоҳи бузурги тарғиботиву таҳлилӣ ҳисса гузошта истодааст.

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: