Дар Қирғизистон зиёда аз 1200 зиндонӣ озод шуданд11-11-2016, 16:05
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
1277 зиндонӣ бар асоси ду авф, ки ба муносибати 25-солагии истиқлоли ин кишвар ва 100-солагии шӯриши миллӣ-озодихоҳии соли 1916 эълон гардид, озод шудаанд. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд. Авф ба зиндониёне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ, тарбиявӣ ва муассисаҳои тафтишотӣ нигаҳ дошта мешуданд, дахл кардааст. Ба ҷуз ин афрод, чанд шаҳрванди дигар, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ ва ё боздоштгоҳ фирор карда буданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд. Муҳлати зиндони беш аз 1100 маҳбуси дигар кутоҳтар карда шуд. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.