Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гумонбари қатли журналисти булғорӣ аз Олмон ба София истирдод шуд

Гумонбари қатли журналисти булғорӣ аз Олмон ба София истирдод шуд

19-10-2018, 09:36
Хабарро хонданд: 121 нафар
Назарҳо: 0
Гумонбари қатли журналисти булғорӣ аз Олмон ба София истирдод шуд
Як гумонбар дар қатли журналисти булғорӣ аз Олмон ба Булғористон интиқол дода шуд. Мақомот рӯзи 17 октябр гуфтанд, марде, ки дар таҷовуз ба номус ва куштори журналисти телевизиони Булғористон Виктория Маринова гумонбар мешавад, ба шаҳри София истирдод шуд.

Матбуот гуфт, ки полис нафареро бо исми Северин Красимирови 20-сола аз дохили ҳавопаймо боздошт кард. Ҷасади Мариноваи 30-сола рӯзи 6 октябр дар соҳили дарёи Дунай дар шаҳри Русе ошкор шуд. Мақомот гуфтанд, ки ин зан пеш аз маргаш таҷовуз шуда сараш ҳам осебҳои сангине дошт. Ин ҳодиса боиси маҳкумияти байналмилалӣ шуд.
Гумонбари қатли журналисти булғорӣ аз Олмон ба София истирдод шуд

Дар ҳоле, ки бисёриҳо қатли Маринаро бо фаъолиятҳои касбии ӯ рабт медиҳанд, тафтишот гуфтааст, ки феълан ин фарзияро тасдиқ карда наметавонад. Красимиров, ки рӯзи 9 октябр дар шаҳри Штадеи Олмон боздошт шуд, эътироф кард, ки бо ин зан даъво кард ва баъди истеъмоли машрубот ва маводи мухаддир ба рӯи зан бо мушт зад.

Айни замон ӯ иттиҳоми таҷовуз ба номус ва дуздиро рад кардааст. Вале додситони кулли Булғористон Сотир Тсатсаров дар сӯҳбат бо телевизиони «Нова» рӯзи 16 октябр гуфт, ки иттиҳомоти зидди Красимиров «хеле мӯътамад ҳастанд». Онҳо гуфтанд, ки нишонаҳои ДНК-и ин мардро дар тани Маринова ва баъзе молу ашёи ӯро дар хонаи Красимиров дар Русе пайдо кардаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: