Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин18-10-2018, 15:02
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
18.10.2018 10:54, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабари фоҷиабори ҳалокат ва захмӣ шудани одамон ба асари амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керчро бо андӯҳи гарон дарёфтам. Тасаллияти амиқ ва ҳамдардиамонро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳор дошта, ба тамоми захмишудагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорем». facebook twitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.