Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

14-08-2018, 08:18
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Федератсияи Россияро бар асари нишасти дурушти чархбол бо кӯҳнавардон дар минтақаи кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтем.

Комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон барои муайян намудани сабаб ва ҳолати ҳодисаи фавқулода, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Муҳтарам Владимир Владимирович, тасаллияти амиқи моро қабул фармоед. Хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардӣ ва суханони тасаллобахши тоҷикистониёнро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: