Панҳ. Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, он дар ашъори баландмазмуни Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ва Абдулқосим Фирдавсӣ тараннум гардидааст.
Ба ин муносибат бо ибтикори ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни «Тирамоҳи заррин» бахшида ба иди Меҳргон аз 2 октябри соли 2017 оғоз гардид ва ин чорабинӣ то охири ҳафта идома хоҳад кард.
Дар рўзи аввали ин чорабинӣ хонандагон аз анвои гуногуни мањсулотҳои кишоварзӣ, расму мусавараҳои ранга, видеороликҳо оиди фаъолияти нозирони сабз, гербарияҳо дар мавзўи ҳифзи муҳити зист ва экология ба маърази тамошо гузошта буданд.
Инчунин, толибилмон дар мавзўҳои тағйирёбии иқлим ва муҳофизати табиат рефартҳои омоданамудаи худро ҳимоя намуданд, ки ин тадбир хонандагонро дар рўҳияи дўстоштани табиат ва расидан ба қадри неъматҳои он тарбия менамояд.
Холов Диловар
роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Панҷ