Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БОЗ ҒАЛАБА ВА БОЗ РОҲХАТ БА ФИНАЛ! Ин дафъа чунин шараф ба тими миллии Тоҷикистон насиб гардид

БОЗ ҒАЛАБА ВА БОЗ РОҲХАТ БА ФИНАЛ! Ин дафъа чунин шараф ба тими миллии Тоҷикистон насиб гардид

10-10-2018, 08:17
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
БОЗ ҒАЛАБА ВА БОЗ РОҲХАТ БА ФИНАЛ! Ин дафъа чунин шараф ба тими миллии Тоҷикистон насиб гардид


ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш аз Дакка чунин хушхабар расид: тими миллии Тоҷикистон дар Бангладеш ба бозии финалии мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup»роҳ ёфт.

Дар бозии ниманиҳоӣ ин бегоҳ футболбозони тоҷик бар тими миллии Филиппин бо ҳисоби 2 : 0 ғалаба ба даст оварданд. Тӯбро ба дарвозаи ҳарифон Комрон Турсунов ва Аҳтам Назаров заданд.

Тавре пештар хабар дода будем, фуболбозони кишварамон, ки дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Фаластин ва Непал бо ҳам мусобиқа доштанд, аз зинаи дуюм ба бозии нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқоти «Bangabandhu Gold Cup» бори шашум бо иштироки шаш дастаи Осиё гузаронида мешавад ва Тоҷикистон дар он бори аввал иштирок менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: