Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дархост барои мусодираи €300 миллиони ширкати марбут ба Гулнора Каримова

Дархост барои мусодираи €300 миллиони ширкати марбут ба Гулнора Каримова

13-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Дархост барои мусодираи €300 миллиони ширкати марбут ба Гулнора КаримоваДодситонии Голландия аз додгоҳ хостааст, беш аз €300 миллион дороии ширкати Takilant дар Нидерландияро мусодира намояд. Бар пояи баъзе маълумот, ширкати Takilant аз сӯи Гаянэ Авакян, шахси наздик ба Гулнора Каримова, духтари президенти Ӯзбекистон идора мешудааст.

Бино бар фарзияи додситонҳои Голландия, ширкат ин пулро барои "харидан"-и духтари бузурги президенти Ӯзбекистон истифода кардааст, хабар медиҳад СА-News бо истинод ба хабаргузории Reuters.

Додситонҳо аз додгоҳи Амстердам хостаанд, 300 миллион еврои Takilant ва 6 дарсади саҳмияҳояш дар ширкати Ucellро мусодира карда, дар ҳаҷми наздики 5 миллион еврои дигар ҷарима бандад.

"Ришва барои дохил шудан ба бозори мухобиротии Ӯзбекистон пардохт шуда, пулро духтари президенти ин кишвар ва ширкати марбут ба вай гирифтааст", - гуфтааст додситонӣ дар изҳороташ.

Бар пояи маълумоти додситонии Голландия, пора ба ширкатҳои мухобиротии Telia, ки нисбаташ тафтишот идома дорад ва VimpelCom, ки моҳи феврали соли равон аз сӯи додситонҳои ин кишвару Амрико дар фасод айбдор шуд, пардохт гардидааст. Сухангӯи додситонии Голландия гуфтааст, додситонҳо шахсан на Каримоваро, балки ширкати Takilantро айбдор мекунанд.

Каримова гӯиё барои таъмини Unitel, намояндагии ширкатҳои VimpelCom ва Coscom LLC бо иҷозтаномаи хизматрасонии 3G дар Ӯзбекистон аз соли 2007 то 2015 ҳамчун пора беш аз 385 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: