Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХӮРОКРО МЕҲР БОМАЗЗА МЕКУНАД

ХӮРОКРО МЕҲР БОМАЗЗА МЕКУНАД

15-06-2018, 08:36
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
ХӮРОКРО МЕҲР БОМАЗЗА МЕКУНАД
Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон маҷмӯи ошхонаҳои ба номи «Кавсар» маълуму машҳур бо сифати хӯрокҳои болаззат, хидматрасониҳои хубу нархҳои арзон таваҷҷуҳи моро ба худ кашид. Ба хотирам омад, ки дар зеҳни мо ҳамеша андешаи нодурусти он ки «сайёҳон танҳо одамони сарватманданд», ҷой дорад. Аммо чи дар сайёҳии дохилӣ ва чи хориҷӣ ашхосеро пайдо кардан мумкин аст, ки сайёҳиро на ба хотири харҷи дороии ҳангуфт мекунанд, балки мақсад аз саёҳат ҷаҳонбинии хешро васеъ ва кайфи ҳоли худро беҳтар кардан доранд. Хоса сайёҳии дохилии мо танҳо дар ҳоле дастрасу оммавӣ мегардад, ки нархҳо арзон бошанду сайёҳӣ осон. Мутаассифона, дар ин «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки гӯшае аз сиёсати давлатист, гаронии нархи сафар, барои ривоҷи туризм садд барпо мекунад. Аммо ҳастанд нафароне, ки бо дарки дурусти вазъи зиндагии ҷомеа, дар рушди соҳаи хидматгузориҳо саҳм гузоштаву барои дастрасии мардум ба як зиндагии шоиста саҳмгузор ҳастанд.
Анвар Саидмуродов яке аз чунин шахсиятҳост, ки замоне чун ҳавонавард дар осмонҳо парвоз мекарду акнун дар замин дар хидмати мардум қарор дорад. Инак суҳбате меороем бо ин нафаре, ки солҳои зиёди умри хеш (тақрибан 20- сол)ро масрафи рушди фарҳанги хидматрасонӣ дар қабулу истеъмоли хӯрок намудааст.

Меҳр ва фарҳанг дар пешниҳоди хӯрок
-Маданияти қабули меҳмон аз гӯшаи фарҳанги қадимаи мо- халқи тоҷик аст. Пешниҳоди таом бо дастархони зебо орододашуда, зарфҳову василаҳои дигари истеъмоли хӯрок, чеҳраи хандону лабони пуртабассум, суханони хуш зимни пешкаш кардани таоми лазиз, ҷузъҳои дастархондориву меҳмонпазироии мост, ки солҳои охир дигаргун мешавад, - мегӯяд Анвар Саидмуродов соҳибмулки муҷтамеъи ошхонаҳои «Кавсар».
-Ин тағйирот мусбиянд ё манфӣ? Онҳо ба чӣ алоқаманданд?- мепурсем мо.
-Фарҳанги хӯрок хӯрдан ё пешниҳоди таом аз он чи ки мо 100-200 сол пештар доштем дар ин замона ба куллӣ тағйир хӯрдааст. Албатта ин дигаргуниҳо ҳамагӣ мусбиянд. Зеро зиндагӣ ва талабот дигар шуд. Масалан тарзи хӯрокхӯрии мо сари миз, истифодаи қошуқу чангак ва зарфҳои зебову гуногун баъдан ба ин фарҳанги то ин замон доштаи мардумӣ ворид шудаанд. Масолеҳи хӯрок низ рӯз аз рӯз тавсеа ёфту ғанӣ гашт. Масалан ворид шудани картошка, помидор, қаламфури булғорӣ ё караму дигар анвои сабзаҷоте, ки ҳоло мо аз онҳо фаровон истифода мекунем, тақрибан камтар аз як аср пеш ба рӯйхати хӯрокҳои мо шомил гаштаанд. Шаҳрҳо бузургу сераҳолӣ шуданд. Вақт камтару кор бештар шуд. Ин тарзи ҳаёт талаботи дигареро пеш меорад. Ниёз ба он бештар шуд, ки одамон дар як соат ним соат хӯроки тайёрро пайдо кунанду хӯрда аз пайи корашон раванд. Яъне қабули хӯрок ё истеъмоли он аз зумраи фарҳанги рӯзгор буда, болотар аз фарҳанги пӯшидани либос ё ороиши хона аст. Зеро бе онҳо зиндагиву кор карда мешаваду бе хӯрок не. Вале пешниҳоди ана ҳамин ҷузъи муҳими зиндагӣ яъне хӯрдани хӯрок дар ҷойҳои оммавӣ вижагиҳои худро дорад, ки онро маъмулан «сервис» мегӯянд.
-Бале, мутаассифона, маърифати хизматрасонӣ ё фарҳанги пешниҳоди хӯрок бо хидматгузории меъёрӣ, яке аз камбудиҳои аксар ошхонаву тарабхонаҳои мо мебошад. Ҳамчун як мутахассис дар беҳтар шудани он чӣ андеша доред?
Чӣ тавр онро ба роҳ бояд монд?
-Нахуст мо ба кормандони худамон тарзи дурусти муносибат ва пешниҳоди хӯроку дигар хидматрасониҳоро дар қаҳвахонаамон меомӯзонем. Нафароне ҳастанд, ки бо як бор машварат ё омӯзиш гузаронидан ҳамон тарзи мадании рафторро ёд мегиранд. Вале нафароне ҳам ҳастанд, ки бо онҳо муддати тӯлонитар бояд кор бурда шавад. Дар ҳолати умуман ёд нагирифтани хидматрасонӣ ё қабул надоштани меъёрҳои ҳатмии он мо чунин кормандро аз кор ҷавоб медиҳем. Зеро муҳим барои мо ин табъи хушу розигии мизоҷ аст, ки ин албатта обрӯи ошхонаи мост. Зимнан мо барои омӯзиши кормандонам маблағҳои зиёде сарф мекунем. Онҳоро барои омӯзиш ҳатто ба хориҷа мефиристонем. Масраф барои тайёр кардани кадр баъдан фоида меорад.

Руҷӯъ
Лётчик- соҳибкор- мушовир
Ҳамсуҳбати мо фарди аҷибест, ки раванди зиндагӣ ӯро ба кӯю барзани рӯзгор равуои аҷиб додаву зиндагӣ омӯхтааст. Аҷибаш он аст, ки ҳар қадар амвоҷи зиндагӣ ӯро сахттар такон додааст, дар муқовимат ба он, ӯ пурнерӯтар гаштаву истодагарӣ кардааст. Зеро вай собиқ низомӣ асту мактаби обутобёфтааш аз серталаботтарин устодони ҳаёт маҳсуб мегардад. Нафаре, ки ба авҷи осмон парвоз мекунад, бояд дар замин мувозинаташро гум накунад. Анвар Саидмуродовро барҳам хӯрдани як форматсияи иҷтимоӣ бар дигараш нашикаст, балки бақуваттар кард.
-Чӣ тавр як ҳавонавард, савдогар шуд? Қадамҳои нахустини шумо дар соҳибкорӣ аз чӣ оғоз гирифтанд? Ин хости шумо буд ё талаботи рӯзгор?
-Бо хатми мактаби миёна солҳои 80-ум ман бо хоҳиши падарам пайи касби инжинер-технолог ба донишкадаи политехникӣ рафта таҳсил дар онро идома надодам, зеро дили ман бо дидани тайёраҳо гум мезаду ҳаваси парвоз ба фазои беканорро дар қалб мепарваридам. Бо хатми техникуми ҳавонавардӣ лётчики «самолётҳои истрибитель», ки он замонҳо ҳанӯз махфӣ буданд, корро оғоз кардам. Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дивизияву полкҳое, ки ман он ҷо фаъолият доштам кам шуданд, то соли 1997 аз он ҷо батамом рафтам. Чанде дар авиатсияи гражданӣ кор кардам. Вале маош ба рӯзгорам намерасид. Фарзандони хурдсол ва волидони пирамро бояд нигоҳбонӣ мекардам.
-Вале аҷиб аст, ки чаро маҳз шумо дар кори мулкӣ бизнеси хӯрокро интихоб кардед?
-Нахустин қадами ман дар ин роҳ бо ҳидояти ҳамкурсони москавиям буд. Чун ба он ҷойҳо парвоз мекардаму онҳо аз вазъияти бади ҳамонвақтаи зиндагӣ дар кишвари мо огоҳ буданд, маро ба савдогарӣ талқин карданд. Аввалин сумкаи пурбори ҳадякардаи онҳо, ки пури шириниҳои «Марс»-у «Сникерс» ва тамоку (сигарет) буд, онро ба дӯконҳои газетафурӯшиву майдасавдогариҳо додаму худам шарм мекардам. Бо ҷамъ овардани маблағи фурӯшашон дар ҳайрат мондам. Бори аввал баъди солҳои зиёде ин қадар пули калон ва дар муддати кӯтоҳе ба дастам расид. Аз шодӣ ва ҳаяҷон чи кор карданамро надониста он пулҳоро зимни парвози навбатӣ бурда ба ҳамон рафиқонам додам. Вале онҳо нагирифта гуфтанд, ки бо он маблағ боз ширинӣ ва чизҳои зарурӣ аз Москва бихараму ба Хуҷанд бибарам. Ҳамин тариқ маблағҳои ман то рафт меафзуданд. Дидам, ки соҳаи савдо аз ҳавопаймоии ман манфиатовартар аст. Ба пуррагӣ гузаштам ба ин самт. Ин дар ҳоле буд, ки аз рӯи тарбияи шӯравиамон мо савдогариро ҳамчун «спекулянт» ё «ҷаллоб» таҳқир ҳисоб мекардем.
-Акои Анвар дар суҳбати қаблӣ мо аз маданияти пешниҳоди хӯрок ва меҳмондории суннатӣ ҳарф задем. Аз нигоҳи шумо фарҳанги истеъмолгарон дар чӣ сатҳ аст?
-Маърифати қабули таомро аслан ба одам аз хурдӣ дар хонадон меомӯзонанд. Волидон ё бобою бибӣ ба кӯдак тарзи дурусти истеъмоли хӯрок ва маданияти рафтор дар сари сурфаи хӯрокро бояд биёмӯзонанд. Вале мо дар пешбурди кори ошхонаҳо бо ашхоси гуногун мизоҷони ҳархела рӯ ба рӯ мешавем. Албатта мо ба онҳо наметавонем аз бемаърифатона рафтор карданашон дар ошхона, ба онҳо насиҳат кунем. Вале ҳар шахс бояд бидонад, ки истеъмоли хӯрок дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маърифати хос ва талаботи дигар ҳам дорад. Масалан замоне мо тарабхона доштем. Вале рафтори мизоҷони аз лиҳози маърифат бадмасту бадрафтории бархе аз онҳоро ман таҳаммул накарда, тарабхонаро ба ошхона бадал кардам. То бе истифодаи машруботи спиртӣ одамон оромона хӯрок хӯранду мизоҷон дар баробари истеъмоли он истироҳати маданӣ кунанд, ҳаловат баранд.
-Азбаски имсол «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумист» бигӯед, ки сайёҳони хориҷӣ дар ошонаҳои шумо ба чӣ бештар таваҷҷуҳ мекунанд, ба хӯроки миллӣ ё ба сервис.
-Нахуст ин гуна меҳмонон аз мо он интизориҳоеро доранд, ки дар тасаввури худашон аллакай шакл гирифтаву ҷой дорад. Баъдан онҳо бо пешниҳоди хӯроки миллии мо ба таъму шакли ин навъи таоми барояшон ноошно таваҷҷуҳ мекунанд. Барои он мо кӯшиш мекунем, ки ҳини пешниҳоди таомҳои миллӣ маданияти хоси хидматгузориро риоя кунем, то дар хотири меҳмонону сайёҳон дар баробари таъми хӯрок фарҳанги мо боқӣ монад.
-Шумо ин ҳама санъати қабули меҳмонро аз куҷо омӯхтаед?
-Ман узви Ассотсиатсии пазандагони Москва буда, мунтазам дар семинару омӯзишҳои онҳо ширкат мекардам. Ғайр аз ин ба хотири омӯхтани ин соҳа ман ба кишварҳои хориҷӣ сафарҳои зиёде кардаам. Китобҳои зиёде мутолиа намудаам. Чун як афсар, яъне шахси ҳарбӣ дарсҳои зиёди маърифати хӯрокхурӣ ва меҳмондориро ҳам ба мо ҳини таҳсил дар техникуми ҳарбӣ омӯзонида буданд, ки ин ҳама ба ман кӯмак кардааст.
-Нисбати эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ назари шумо ҳамчун як нафаре, ки ба хидмати мардум машғулед, чист?
-Ман аз зумраи он нафаронеам, ки фаъолиятам ба меҳмону меҳмондорӣ сахт алоқаманд аст. Аз солҳои 90 инҷониб дар қабули меҳмонони дуру наздики вилоят, шукри Худо саҳм дорем. Ҳамеша дар хотир мегирам, ки Президенти муҳтарами мо Пешвои миллатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳини меҳмондории хориҷиён аз муаррифӣ кардани таомҳои миллӣ ифтихор доранд. Риояи маданияти миллӣ ва нигоҳдории усулҳои хоси дастархондории тоҷикиро мо аз забони онкас зиёд шунидаем. Ман чун узви ҷамъити «Ассотсиатсия рестараторов» тасмим дорам, ки дар пайи дастгирии сиёсати давлатӣ тамоми кӯшишамонро ба он харҷ кунам, ки номгӯйи пешниҳоди навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллиро бештар гардонам. Санъати хоси пешниҳоди таомҳоро дар дараҷаи баланди меъёрӣ муроот созам. Тамоми қавонини меҳмондории тоҷикиро дар дараҷаи аъло рушд бидиҳем. Масалан дар яке аз ошхонаи «Кавсар» мо 3 навъ толор ороиш ва таҳия кардаем, ки мизоҷ ё меҳмон тибқи завқу табъаш кадоме аз ин толорҳоро, ки мехоҳад, интихоб мекунад. Дар ин сол ҳамаи ҳамкасбони ман бояд масъулияти бештаре эҳсос кунанд. То ки меҳмони хориҷӣ дубора ба хотири таъоми лазизамон ёди Тоҷикистон кунад.
Руҷӯъ
Ошхонаҳои «Кавсар» бо таомҳои арзон
Анвар Саидмуродов, ки худ намунае аз ашхоси соҳибмаърифату фарҳангист, ҷаҳонбинии васеъ дораду инсони сермутолиа аст. Ҳарчанд дар тиҷорати оилавии онҳо, ки самти хешро дар навъҳои гуногун тавсеа додаву рушд кардааст, нафарони зиёдеро соҳиби маошу ҷойи кор намуда, корҳои хайри зиёдеро амалӣ мекунад. Танҳо дар 3 –ошхонаву як тарабхонаи кушодаи ӯ зиёда аз 40- нафар бо кор таъмин гаштаанд. Дар ҳар як ошхонаи «Кавсар» рӯзе 220-250 – нафар таом мехӯранду эҳтиёҷоти ба хӯрок доштаи хешро бо пардохти андаке қонеъ мекунанд.
Анвар Саидмуродов бар он андеша ҳаст, ки агар технологияи пухтани хӯрок риоя шавад, нарх ин қадар қимат намешавад, ҳамчуноне ки дар ошхонаҳои Душанбе ҳаст. Таоме, ки барои бисёрӣ, яъне ашхоси зиёд омода карда мешавад, баракати дигар дорад.
Хӯрокҳо дар ошонаҳои Кавсар ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо аз хӯроки дар хона пухта мешудагӣ арзонтар аст. Аз ин рӯ ҳатто хонашиноне, ки ба қаҳвахонаҳои «Кавсар» наздик мезиянд, ҳам субҳона ё хӯроки нисфирӯзияшонро дар ин ҷо мехӯранд. Хизматрасонӣ ва нархҳоро мо аслан барои мардуми сатҳи миёна мутобиқ кардаем, - мегӯяд ӯ зеро аксарияти мардум миёнаҳоланду дар як рӯз то 30 сомон барои хӯрок масраф кардан барояшон вазнин аст. Аз ин рӯ мақсади асосии мо фаро гирифтани ҳамин қишри миёнаи ҷомеа аст. Мизоҷони мо дар 10-12 сомонӣ (ҳатто 7-10 с) баҳузур хӯроки шом ё нисфирӯзӣ мехӯранд.
Анвар Саидмуродов аз панди устодонаш ёдовар мешавад, ки мегуфтанд: «Шуғли дӯстдошта он корест, ки даромади калон дорад. Яъне ҳарчанд аз ҳисоби арзонии нархҳои қаҳвахонаҳои «Кавсар» тиҷорати ин марди пухтакор манфиати камтар меорад. Вале аз ҳисоби зиёдии мизоҷон ва хурсанд рафтани онҳо ӯ ҳамон дороиро пур мекунад.
Хӯрокпазиро ҳамсуҳбати ман кори таваккалӣ намешуморад ва зимни пухтани он меҳру муҳаббати пазандаро ба хӯрокпазӣ ва мизоҷон - онҳое, ки таомро истеъмол мекунанд, ҳатмӣ медонад.
-Ҳар маҳал технологияи хоси пухтани ғизоро дорад. Иқлим ва шароити зиндагии мардум ва маҳалли ҷойгиршавию муҳити зист ҳам дар пухтани хӯрок муҳим аст.
Ба суоли ман: «Киро шумо «конкурент»-и худ ҳисоб мекунед?» Анвар-ако муаддабона посухи аҷоиб доданд. Посухи ин суолро он кас «Аз рӯйи одоб нест» гуфтанд. Яъне дар ин кори аллакай муваффақи худ ӯ касеро рақиби худ намеҳисобад. Зеро ба андешаи ӯ ризқи ҳамаро Худо муайян кардааст. Аз ҳама муҳимаш меҳнати кас поквиҷдононаю ҳалол бошаду ишқи касб дар дилаш ҷӯш занад.
Охирандеша
Андешаи он ки чунин ашхоси кордону саховатманде, ки дар иҷрои кор ё тиҷорат «даҳ панҷаро якбора ба даҳон намеандозанд» дар шаҳри мо ҳастанд ё не, моро ба навиштани ин матлаб водор кард. Тавре ки аз суҳбат дарёфтем, гаронии нархи хӯрок на аз сарфи маҳсулот дар он будааст, балки нафси бади аксар соҳибкорони мост, ки зарба ба кисаи мардуми бумӣ ва меҳмонону сайёҳон мезанад. Шояд мо муносибатро дар соҳаи тиҷорати хӯрок ва хидматгузорӣ ба мардум аз нигоҳи фарҳанги миллӣ дигар созем? То ҳам сайёҳӣ рушд кунаду ҳам мардуми мо имкони истифода аз ҷойҳои хӯроки умумиро пайдо намоянд. Зеро тарабхонаву ошхонаву чойхонаҳо ҷойи ба ҳам омадани одамон ст, ки он метавонад ба рафоқату ваҳдат низ мусоидат амояд. иннисо Ҳурунисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: