Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҶИК ҲЕҶ ГОҲ ҚОТИЛ НАБУД, (ИН ТЕРРОРИСТ АСТ, КИ МИЛЛАТ НАДОРАД)

ТОҶИК ҲЕҶ ГОҲ ҚОТИЛ НАБУД, (ИН ТЕРРОРИСТ АСТ, КИ МИЛЛАТ НАДОРАД)

2-08-2018, 08:39
Хабарро хонданд: 141 нафар
Назарҳо: 0
ТОҶИК ҲЕҶ ГОҲ ҚОТИЛ НАБУД, (ИН ТЕРРОРИСТ АСТ, КИ МИЛЛАТ НАДОРАД)

29 июли соли 2018 соатҳои 15-и рӯз дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе садама ва ҳамла ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ рух дод. Ашхоси номаълум бо мошин гурӯҳи велосипедрононро дар роҳ пахш карда, сипас аз мошин фаромада бо корд ба онҳо ҳамла карданд. Дар натиҷа 4 нафар 2- сайёҳи амрикоӣ, 1 ҳолландӣ ва як швейтсарӣ ҳалок гашта, 2 нафари дигар захмӣ ва ба бемористони ноҳияи Данғара интиқол дода шуданд. Як сайёҳи фаронсавӣ танҳо нафарест, ки дар ин ҳодиса осеб надидааст. Аз се нафар ҳамлагарон аз рӯи баъзе маълумотҳо 2 нафараш, ки ба кормандони мақомоти қудратӣ муқовимат кардаанд, кушта шуда, як нафарашон дастгир шудааст. Далели гунаҳгории онҳо рақамҳои давлатии мошини шахсӣ дар ҷойи ҳодиса, изи садама ва нишонаҳо аз ин ҷинояти мудҳиш дар дохили мошин дарёфт шудаанд. Баъдан видеои ашхоси номаълум сабткарда дастраси ВАО, шабакаҳо ва мардум шуд.
Пайгирии ин ҳодисаи хунин идома дорад.
Шумхабари даҳшатноки қатли бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара шоми 29 июл мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш овард. Марги 4 нафар сайёҳ ва захмин шудани 2 нафари дигараш доғи хунинест барои имиҷи сиёсии Тоҷикистон. Пас, кӣ ин доғро гузошт? Чаро макони ин куштори бераҳмонаро дар Данғара интихоб кардаанд? Бо кадом мақсад? Бо супориши кӣ ё тасодуф буд ин амал ва даҳҳо суолҳои дигаре, ки мақомоти тафтишот муайян мекунад.
Оҷилан бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткорон дарзамон сафарбар карда шуда, дар соатҳои аввал чанде аз онҳоро пайдо карданд.
Ва дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ташкил шудааст, ки онҳо идомаи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро барои боз кардани гиреҳи ин ҳодиса бурда истодаанд.
Тавре ки низомиён мегӯянд, ба таври «оперативӣ» дастгир ва кушта шудани гумонбаршудагон низ ҷойи таҳсин аст. Ҳамагӣ дар тӯли чанд соат хабари марги ду ҷавон ва дастгир гаштани як ҷавони 21-солаи зодаи шаҳри Норак он даҳшатро дубора пурзӯр кард. Ҷомеа такон хӯрд ва дар ҳолати тааҷҷуб, бовар карданӣ нест, вале қотилон тоҷиканд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки даҳшати таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5-сола - муҳоҷирдухтари тоҷик дар Серпуховои Русия ва мотами ин фариштаи бо ваҳшоният кушташуда аз қалбу рӯҳ ва ёди мо нарафтаву ҳамарӯза марсия менависему ба қотил ҷазои қатл талаб мекунем.
Вале чанд нафар қотилони меҳмонони кишвари мо аллакай ин ҳукмро гирифтанд. Кушта шуданд. Ҳарчанд онҳо тоҷиканд, вале ман наметавонам онҳоро чун Ҳувайдои ғӯрамарг фарзанди миллат ё шаҳид бигӯям. Заррае ба ҳоли онҳо ба ҷавонӣ ва нобуди онҳо дилам насӯхтааст. Зеро террорист ҷинояткори хавфноктарин асту миллату Ватан надорад! Террорист худаш марги ихтиёрӣ барои худ интихоб мекунад, вале дар ивази ҷонҳои дигарон. Яқин аст, ки ин ҷавонакҳои сода ба доми дигарон афтодаанд.
Ин ҳодисаи шуму пурдаҳшат яқинан барои паст кардани имиҷи сиёсии кишвар аст. Вагарна дар ҳоле ки ҳамагӣ чанд рӯз муқаддам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хоин эълон кардани онҳое, ки ба сайёҳони хориҷӣ заррае халал ворид месозанд, супориш дода буданд, ин ҳодисаи нангин рух намедод.
Аз аввал мусаллам буд, ки ин ҳодисаи тарҳрезишуда аст. Вагарна чаро ин сайёҳон аз Помир то Кӯлобу Восеъ ва дигар шаҳру навоҳӣ беосеб гузаштанду дар Данғара кушта шуданд? Зеро ин зарбаи сиёсист, ки тарроҳонаш обрӯи Тоҷикистону Сарвари онро ба нишон гирифтаанд.
Террористон ба хотири мақсадҳои нопоки худ обрӯи сиёсии кишварро натанҳо ба нишон гирифтанд, балки боре андешаи ин миллатро накарданд. Ин миллате, ки бо фарҳанги қадимааш миёни ҷаҳониён муаррифӣ гаштааст. Ин миллате, ки дар арсаи таърих ҳеҷ гоҳе чун ғосиб, иғвогар, қотил ва номарду бешараф фарзанд надошт. Соли рушди сайёҳиро қасдан хундор карданд. Миллату ватанро шармсору азодор карданд. Магар бузургтар аз ин хиёнате ҳаст, ки меҳмонро қатл кунем? Магар террористон бадномии миллатро мақсад нагузошта буданд? Оре, ҳамин аст мақсад, вагарна меҳмонони раҳгузар ба ин қотилон чӣ бадие карда буданд?
Сайёҳони хориҷӣ дар ҳар кишваре меҳмонанд ва ба онҳо эҳтиром гузошта мешавад. Хоса барои миллати мо, ки «Меҳмон атои Худост» мегӯяд.
Ин амали манфур маҳз ба доғдор кардани ана ҳамин расму ойини аҷдодии мо, латма бар ҳувияти миллии мо, ба обрӯи баланди байналмилалии мо буд.
Касеро аз душманон хуш намеояд, ки кишвар метавонад бо роҳи туризм рушд кунад. Онҳо чашми ҷаҳониёнро тарсониданӣ ҳастанд. Онҳо Тоҷикистонро як кишвари ноамн, пурхатар ва террористдор ба намоиш гузоштанӣ шудаанд.
Онҳо ин зарбаро аз пушт, номардона ва хоинона ба номи миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз заданд. Зеро бо афзудани теъдоди зиёди сайёҳон, бо омода шудани шароит ва инфраструктура барои меҳмонон чашми ин душманони миллат сих зад.
Магар як кишвари тинҷу миллати меҳнатдӯстро чунин хоинона бадном кардан, амали қотилонаи онҳоро садчанд даҳшатнок намекунад?
Мо шаҳрвандони кишвар аз ин ҳодисаи бераҳмонаву разилона сахт ошуфтаву ғамгин гаштаему пеши меҳмонони дигар хиҷолатзадаем.
Ба кулли мардумони Амрикову Швейтсарияву Ҳолланд, хоса ба пайвандони ин меҳмонони нокоми кишварамон мардумони зиёд изҳори тасаллият мекунанд.
Мо ғамшарики шумо ва сахт хиҷолатзада пеши ҳамон сайёҳон, меҳмонон ва онҳое, ки нияти дидани кишвари моро доштанд, ҳастем. Шумо ва халқи худамонро бовар мекунонем, ки ин ҳодисаи хунин кори онҳоест, ки ба миллати тоҷик ва Давлати Тоҷикистон душман ҳастанд, вагарна тоҷик ҳеҷ гоҳе қотил набуду намешавад.
«Минбари халқ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: