Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Трамп ба маросими дафни Ҷон Маккейн даъват нашуд

Трамп ба маросими дафни Ҷон Маккейн даъват нашуд

27-08-2018, 08:34
Хабарро хонданд: 137 нафар
Назарҳо: 0
Трамп ба маросими дафни Ҷон Маккейн даъват нашуд
Ҷасади сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн дар қабристони Академияи нирӯи дарёӣ, дар шаҳри Аннаполиси аёлати Мэриленд ба хок супорида хоҳад шуд. Маросими видоъ бо ӯ дар ассамблеяи порлумонии Аризона, аёлате, ки 35 сол дар Конгресс аз он намояндагӣ кард, баргузор мешавад.

Бар пояи дархости Маккейн, ба маросими дафни ӯ президентҳои пешини ИМА Ҷорҷ Буши хурдӣ ва Барак Обамаро даъват хоҳанд кард. Онҳо дар интихоботҳои президентии ИМА рақиби сенатор буданд.

Маккейн васият кардааст, ки ба маросими дафнаш президенти кунунии ИМА Доналд Трампро даъват накунанд. Ӯ яке аз мухолифони ашадии Трамп буда, ӯро "ҳардамхаёл" ва "гӯлзада" меномид ва барои сиёсатҳояш дар робита ба Сурия, Чин ва Русия сахт танқид мекард.

Трамп низ Маккейнро "бесалоҳият" меномид ва дар маъракаҳои интихоботӣ сенаторро оммавӣ масхара карда, гуфт, ӯ барои он қаҳрамон шуд, ки ба гарав афтод". Вале Трамп, ба гуфтаи худаш, шахсонеро дӯст медорад, ки ба гарав наафтида бошанд. Трамп баъд аз даргузашти сенатор дар Твиттер ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён кард.

Маккейн рӯзи шанбе дар 81-солагӣ - як рӯз баъд аз он даргузашт, ки хонаводааш гуфтанд, сенатор аз идомаи табобати бемории захми мағзи сар даст кашид. Ин бемориро дар ӯ соли 2017 ошкор карда буданд. Хонаводаи Маккейн ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки тайи ин солҳо сенаторро дастгирӣ карданд, миннатдорӣ баён намуданд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: