Тоҷикистон равобити нави дипломатӣ роҳандозӣ кард23-08-2018, 08:19
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон бо як кишвари дигари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон. Бино бар иттилои манбаъ, Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазоири Комор равобити дипломатӣ роҳандозӣ кардааст. "Рӯзи 17 август дар Нюйорк маросими имзо кардани Баёнияи муштарак дар мавриди роҳандозии равобити дипломати дар миёни ду кишвар барпо шуд. Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Муҳаммад Соилиҳӣ Соилиҳ, намояндагони доимии ҶТ ва Ҷазоири Комор ин санадро ба имзо расонданд", — омадааст дар иттилои манбаъ. Ҷазоири Комор дар уқёнуси Ҳинд, дар миёни Мадагаскар ва Африка ҷойгир аст. Пештар дар моҳи июн дар Нюйорк маросми имзо кардани баёнияи муштарак дар бораи роҳандозии равобити дипломатӣ дар миёни Тоҷикистон ва Федерасиюни Сент Китс ва Невис барпо шуда буд. Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.