Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ14-07-2017, 17:00
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад. Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, аз ҷумла, омадааст: «Ҷалолатмаоб, Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати санаи мубораки таърихӣ – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – самимона табрик менамоям. Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мо асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ пайдо карда, бо талоши фаъолу созандаи ҳар ду ҷониб пайгирона густаришу тавсеа ёфтанд, ки ин ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва ормонҳои мардумони ду кишвари дӯст мебошад. Бо истифода аз ин фурсат, изҳори итминон менамоям, ки равобити неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн, ки дар сархати стратегияи минтақавии Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, дар оянда низ рушди матлуб хоҳанд ёфт. Ба Ҷалолатмаоб сиҳатмандиву комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Афғонистон сулҳу амният ва саодату пешрафт таманно дорам». Дар барқияи табрикии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст: «Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ниҳоят хушҳолам маротиби беҳтарин таманниёту неки хеш ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати 25-умин солгарди эҷоди равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ иброз намоям. 25 соли равобити дипломатикии ду кишвари мустақил ва озод баёнгари иродаи сиёсии устуворест, ки реша дар умқҳои таърих, фарҳанг ва тамаддуни муштаракамон дорад. Бо такя ва таъкид бар ин ҳақиқати халалнопазир, мо метавонем ба пайгирии манфиатҳои миллӣ минтақаи муттаҳидеро эҷод кунем, ки роҳҳоварди он амният, субот ва инкишофи пойдор дар минтақа аст. Бар асари саъю талоши Ҷаноби Олӣ мардуми кишвари дӯст ва бародар ба сӯи хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, озодӣ, сулҳ ва субот дар ҳаракатанд, ки мо ба унвони дӯст ва ҳамсоя бо он меболем. Бо истифода аз фурсат, як бори дигар ин рӯзи таърихиро муборакбод гуфта, сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо, саодат ва тараққии миллати бародари Тоҷикистонро орзу медорам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.