Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шумори бештари донишҷӯёни хориҷии Белорус шаҳрвандони Туркманистонанд

Шумори бештари донишҷӯёни хориҷии Белорус шаҳрвандони Туркманистонанд

17-08-2018, 09:02
Хабарро хонданд: 129 нафар
Назарҳо: 0
Шумори бештари донишҷӯёни хориҷии Белорус шаҳрвандони Туркманистонанд

Вазорати маорифи Белорус хабар дод, ки шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар меафзояд. Ба иттилои расонаҳо, аз ҳама бештар сокинони Туркманистон барои таҳсил ба Белорус мераванд. Дар ҳамин ҳол, сокинони Чину Русия мақоми дувуму севумро ишғол мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ин кишвар шаҳрвандони бештар аз 100 давлат барои таҳсил меоянд. Дар соли ҷорӣ бештар аз 50 ҳазор донишҷӯ шомили донишгоҳҳои Белорус шуданд, ки нисфе аз онҳо шаҳрвандони ҳамин кишвар ҳастанд.

Ба гуфтаи донишҷӯёни хориҷӣ, таъмини амният ва арзиши начандон гарони таҳсил онҳоро ба Белорус меорад.

Мақомоти Белорус хабар доданд, ки дар соли таҳсили 2016-2017 шумори донишҷӯён аз Туркманистон 7 ҳазору 911 нафарро ташкил медод. Дар ҳоле ки ҷамъи донишҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар ҳамагӣ 15 ҳазору 126 нафар буд.

Ҳамасола наздики 100 ҳазор хонанда мактабҳои миёнаи Туркманистонро хатм мекунанд. Донишгоҳҳои ин кишвар иқтидори қабули то 8 ҳазор довталабро доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: