Дар Белорус харитаҳои Қрими "Русия"-ро аз фурӯш бардоштанд29-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Дар мағозаҳои шаҳри Могилеви Болорус ҳамаи харитаҳое, ки Қримро қаламрави Русия нишон дода буданд, аз фурӯш бардошта шуданд.
Тавре сомонаи euroradio.fm хабар медиҳад, ин баъди он рух дод, ки Раёсати савдо ва хизматрасонии вилояти Могилев "ба нуктаҳои савдо тавсия дод, то харитаҳоеро, ки ҷойгиршавии Қрим он ҷо нисбати харитаҳои ҷаҳонӣ фарқ дорад, аз фурӯш бардоранд". Мақомоти маҳаллӣ баъди муроҷиати муовини аввали ҳизби Сотсиал-демократии Белорус "Громад" Игор Борисов ба ин масъала пардохтанд. Борисов гуфтааст, чунин харитаҳо мардумро ба роҳгумӣ мебаранд ва хилофи мавқеи расмии Белорус дар масъалаи Қрим ҳастанд. Харитаҳои мазкурро ширкати ZACHEM-GŁOWALA-и лаҳистонӣ нашр кардааст. Мудири ширкат Кшиштоф Гловала мегӯяд, ширкати онҳо ба хотири аз даст надодани бозори Русия дар харитаҳо Қримро қаламрави Русия нишон медиҳад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.